Мудири нерӯгоҳи барқи Қайроқум эълом кард,ки бозсозии ин нерӯгоҳ дар соли 2023 ба поён мерасад ва масрафи маблағ барои бозсозии он 197 миллион доллар аст.
Ба гузориши хабаргузории Спутник, Файзуллоҳ Авазов гуфтааст, ки бо бозсозии таҷҳизоти ин нерӯгоҳ зарфияти тавлиди барқ дар ин нерӯгоҳ аз 126 мегаватти феълӣ ба 174 мегаватт афзоиш хоҳад ёфт.
197 миллион доллар барои таъвизи шаш турбини нерӯгоҳи барқи оби сади ки 63 сол қабл барои таъмини барқи сокинони остони Суғд ва захирасозии оби мавриди ниёзи заминҳои кишоварзии Ӯзбакистон ва Қазоқистон дар фаслҳои баҳор ва тобистон бар рӯи рухонаи «Сайр» сохта шудааст ҳазина мешавад.
Ин манобеи молиро Бонки рушд ва бозсозии Аврупо таъмин мекунад.
Ин дарҳолест, ки вилояти Суғд дар шабонарӯз ба масрафи 17 то 18 миллион киловатт соат барқ ниёз дорад.
Аммо далелли бӯҳрони камбуди барқ дар Тоҷикистон манотиқи рустоии ин вилоят низ аз рӯзи 6 январи соли ҷорӣ танҳо аз соати 6 субҳ то 23 шаб барқ доранд ва дар боқимондаи соат маҳдудияти барқ эъмол шудааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

