Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНавъи бритониёии вируси коруно дар Русия пайдо шуд

Навъи бритониёии вируси коруно дар Русия пайдо шуд

Навъи нави коронавирус, ки дар Британия хуруҷ кард, ҳоло дар Русия низ пайдо шудааст, изҳор доштааст Анна Попова, роҳбари Роспотребнадзор  дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии  «Россия — 1».  Навъи нави ин вирусро шаҳрванди Русия аз Британия интиқол додааст.

Попова гуфт, авохири моҳи ноябри соли гузашта аз қаламрави Британия дастикам 32 нафар олудаи маризии коронавирус вориди Русия шуданд. Аз миёни онҳо як нафар дардманди навъи нави коронавирус будааст.

Гуфта мешавад, ӯ бидуни ягон аломати маризӣ ба Русия омад ва ҳоло вай барои атрофиён бехавф аст.

Ба изҳори роҳбари Роспотребнадзор, ваксинае, ки ҳоло дар Русия истифода бурда мешавад, метавонанд одамонро аз ин навъи нави коронавирус ҳам эмин нигоҳ дорад.

Ёдовар мешавем, ки навъи нави коронавирус мобайнҳои моҳи декабр дар Британия буруз кард ва мутахассисон ба хулосае омаданд, ки вируси мазкур аз COVID-19 наздики 70 фисад хавфноктар аст ва суръати паҳншавии ӯ низ бамаротиб фарқ мекунад.

Зимнан, Сергей Возненский дотсенти кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия мегӯяд, зарурати ҷорӣ намудани чораҳои нави пешгирикунанда мавҷуд нест.

Ӯ гуфт, «Агар тамоми чораҳои пешгирикунанда, аз қабили риояи фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқобу дастпӯш риоя шавад, пас муҳим нест, ки ин навъ то чӣ андоза сироятпазир аст».

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular