Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет«Рейди солинавӣ»-и пулиси Иркутск алайҳи муҳоҷирон

«Рейди солинавӣ»-и пулиси Иркутск алайҳи муҳоҷирон

Дар ҳоле ки дар Русия таътилоти солинавӣ идома дошт, аз 4 то 10 январ дар шаҳри Иркутск, аз ҷумла дар бозорҳои ин шаҳр пулис рейдҳои вижае ҷиҳати тафтиши қонунияти будубоши муҳоҷирони хориҷӣ доир кардааст.

Хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Иркутск гуфт, ин рейдҳоро кормандони идораи муҳоҷирати хориҷӣ (УВМ) якҷо бо Маркази мубориза бо экстремизм ва нирӯҳои ОМОН ва Росгвардия баргузор карда, дар маҷмӯъ то куҷо қонунӣ будани будубоши 208 шаҳрванди хориҷиро санҷидаанд.

Дар ҳоле ки дар Русия таътилоти солинавӣ идома дошт, аз 4 то 10 январ дар шаҳри Иркутск, аз ҷумла дар бозорҳои ин шаҳр пулис рейдҳои вижае ҷиҳати тафтиши қонунияти будубоши муҳоҷирони хориҷӣ доир кардааст. Хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Иркутск гуфт, ин рейдҳоро кормандони идораи муҳоҷирати хориҷӣ (УВМ) якҷо бо Маркази мубориза бо экстремизм ва нирӯҳои ОМОН ва Росгвардия баргузор карда, дар маҷмӯъ то куҷо қонунӣ будани будубоши 208 шаҳрванди хориҷиро санҷидаанд.

«Дар натиҷаи санҷишҳо 6 мавриди сабти номи қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ ошкор карда шуд. Нисбат ба вайронкунандагони қоидаҳои будубош 45 протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамчунин муайян карда шуд, ки дар бланки замони вуруди як шаҳрванди 42-солаи Қирғизистон ва як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон ба қаламрави Русия аломатҳои тақаллуб мушоҳида мешавад», – гуфта мешавад дар иттилоияи пулис.

Дар видеое, ки хадамоти матбуоти пулиси вилояти Иркутск нашр кард, дида мешавад, ки дар байни муҳоҷирони боздоштшуда зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла муҳоҷирон аз Тоҷикистон низ зиёданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular