Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФейсбуку Инстаграм дар Тоҷикистон масдуд шуданд

Фейсбуку Инстаграм дар Тоҷикистон масдуд шуданд

Дар Тоҷикистон шабакаҳои иҷтимоии Фейсбуку Инстаграм ва чанд сомонаи хабарӣ масдуд шудаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки  масъулони Хадамоти алоқа гуфтаанд, ки «ҳеч мушкил ҷой надорад».

Радиои Озодӣ дар ин бора хабардода менависад, Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа, ба ин расона гуфтааст, «система фаъол аст, мо ҳеч кор накардем.»

Дар ҳамин ҳол  баъзе аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар паёме ба муштариёни худ пеш омадани чунин вазъро ба «мушкили фаннӣ» рабт додаанд.

Дастнорас шудани шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон падидаи нав нест, чун дар солҳои охир борҳо ин ҳолат пеш омадааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора маҳдудияти дастрасӣ ба сомона ва шабакаҳои иҷтимоиро ба «мушкили фаннӣ» пайванд додаанд, аммо мунтақидон онро ҳадафмандона мехонанд.

Бино ба иттилои расмӣ беш аз 3 миллион аҳолии Тоҷикистон ба Интернет дастрасӣ доранд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, шабакаҳои иҷтимоӣ ба як василаи муҳими иттилоърасонӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтаанд ва баста шудани онҳо нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба дастрасӣ ба иттилоъ аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular