Thursday, October 23, 2025
ADS
HomeПаём нетТаслияти ҲНИТ ба муносибати даргузашти модари Додоҷони Атовулло

Таслияти ҲНИТ ба муносибати даргузашти модари Додоҷони Атовулло

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон!

انا لله و انا اليه راجعون

Шӯрои иҷроияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз хабари даргузашти модари азизи Додоҷони Атовулло, раиси Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон ғамгин буда, ба ӯ ва ҳамаи пайвандони марҳума ҳамдардӣ ва таслияти худро баён мекунад.

Модаре аз олам рафт, ки ҳам аз дурии фарзанд ва ҳам аз фишорҳои равонии мақомоти давлатӣ барои фаъолиятҳои сиёсии фарзандаш ранҷ мебурд. Дар баробари ҳама кӯшишҳо дар водор кардани ӯ барои бадном кардани ҷигарбандаш, истодагӣ кард, ҳечгоҳ таслим нашуд ва чеҳраи воқеъии моломол аз муҳаббат, сарбаландӣ ва салобати модари тоҷикро ба намоиш гузошт.

Аз Худованди мутаъол барои модари марҳума биҳишти фирдавс ва ба фарзанди муборизи ӯ ҷаноби Додоҷони Атовулло, инчунин, ба ҳама пайвандону ақрабо сабри ҷамилро таманно дорем.

Рӯҳаш шоду ёдаш гиромӣ бод.

Шӯрои иҷроияи ҲНИТ

15.12.2016

 

*Манбаъ:

Сухангӯи ҲНИТ

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?