Шабакаи NTV хабар дода, ки суди Истанбул воизи исломӣ ва публитсист Аднан Октарро, ки бо тахаллуси Ҳорун Яҳё ба таври васеъ маъруф аст, ба 1075 соли зиндон маҳкум кардааст.
Аднан Октар моҳи июли соли 2018 бо иттиҳоми як қатор моддаҳо, аз ҷумла ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, озори ҷинсӣ, робитаи ҷинсӣ бо ноболиғон, рабудани кӯдакон, таҷовуз, шантаж, маҳрум сохтан аз озодӣ, низомӣ ва ҷосусии сиёсӣ, қаллобӣ тавассути истифодаи эътиқодоти динӣ ва ҳисси одамон, вайрон кардани ҳаёти шахсӣ, тақаллуби ҳуҷҷатҳо ва ҷиноятҳои дигар дастгир шуда буд.
Ҳамроҳи Аднан Октар 236 нафари дигар ҷинояткорон, ки ба ҷиноёти мазкур ҷалб карда шуданд, ҳукмҳои гуногуни зиндонро гирифтанд. Ҳорун Яҳё муаллифи тақрибан 300 китобест, ки ба 76 забони дунё тарҷума шудааст, шумораи зиёди мақолаҳо дар бораи креационизм, дар мавзӯъҳои сиёсӣ ва динӣ мебошад. Китобҳои машҳуртаринаш — «Пошхӯрии назарияи эволютсия», «Атласи пайдоиши ҳаёт» дар 4 ҷилд, «Мусибатҳое, ки дарвинизм ба инсон овард», «Дарвинизми иҷтимоӣ», «Муъҷизаи офариниши инсон», «Назарияи эволютсия — бузургтарин сохтакорӣ дар таърих» , «Шукӯҳ дар биҳишт», «Барои одамоне, ки фикр мекунанд», «Миллатҳои нобудшуда», «Офариниши олам», «Мӯъҷизаи Қуръон», «Посухҳои Қуръон дар мавриди ислом», «Марг. Охири дунё. Ҷаҳаннам», «Исо бармегардад» ва ғайра мебошанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

