Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚонуншикании маъмурии қисме аз муҳоҷирон ба истирдод намерасонад

Қонуншикании маъмурии қисме аз муҳоҷирон ба истирдод намерасонад

Ба Думаи давлатии Русия тарҳи қонун нав ворид шудааст. Мувофиқи он муҳоҷироне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, вале хешованди наздики шаҳрванди Русия ҳастанд, депорт карда намешаванд. 

Тавре «Парламентская газета» , лоиҳаи дахлдорро ба Думаи давлатӣ муовини роҳбари Кумитаи назорат ва танзим дар Думаи Давлатӣ Наталя Костенко пешниҳод кардааст.

Қонунгузории муҳоҷират дар назар дорад, ки танҳо барои хориҷиёне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, на ҷиноятӣ чунин гузашт карда мешавад.

Тарҳи нав пешниҳод мекунад, муҳоҷире, ки хеши наздикаш — шаҳрванди Русия аст ва дар ин кишвар доимӣ зиндагӣ мекунад, депорт нашавад, чун ӯ аз имкони зиндагӣ бо хешовандони наздик, тарбияи фарзанд ва дастгирии онҳо дар Русия маҳрум мешавад.

Пешниҳод шудааст, ки чунин гурӯҳи муҳоҷирон аз кишвар хориҷ карда нашаванд ва иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ё иҷозатномаи истиқомати онҳо бекор нашавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular