Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМудири як бахши ВКД бо ришва боздошт шуд

Мудири як бахши ВКД бо ришва боздошт шуд

Мудири бахши таҷзия, таҳлил ва контроли иттилооти раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ва як корманди ин идора ба иттиҳоми фасодкорӣ ва ришвахорӣ боздошт шудаанд.

Ба гузориши сомонаи Агентии давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, Зебуннисо Исматшоҳзода ва Қумригул Ҳалимзода дар баробари ҳазору 200 доллар ришва ба як шаҳрванди тоҷикистонӣ ваъда дода буданд, ки иттилооти марбут ба доғи судии вайро ҳазф кунанд то битавонад ҳуҷҷати нави ҳувиятӣ дарёфт кунад.

Кормандони Агентии давлатии мубориза бо коррупсия ин ду корманди зани Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистонро ҳангоми дарёфти ришва боздошт кардаанд.

Бар асоси Қонуни ҷиноятии Тоҷикистон ин ҷурм метавонад барои ин ду корманди зани Вазорати корҳои дохила 5 сол зиндонро дар пай дошта бошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular