Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДодгоҳи Миср ба мусодираи 89 узви аршади Ихвонулмуслимин ҳукм кард

Додгоҳи Миср ба мусодираи 89 узви аршади Ихвонулмуслимин ҳукм кард

Додгоҳи Миср дороиҳои 89 раҳбару узви Ихвонулмуслиминро мусодира кард ва ба хазонаи давлат интиқол дод.

Додгоҳи умури изтирорӣ дар Миср бо баррасии шикояти раиси кумитаи мусодираи амволи ҷамоати Ихвонулмуслимин бо мусодираи амволи 89 раҳбару узви ин ҷамоат ва интиқоли он ба хазонаи давлат мувофиқат кард.

 Ин санад амволи Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури пешини Миср , Муҳаммад Бадеъ- раҳбари Ихвонулмуслимин, Хайрат Ашшотир, муовини вай , Сафват Ҳиҷозӣ , Муҳаммад Албултоҷӣ , Муҳсини Розӣ, Асъади Ашшайха аз шахсиятҳои барҷастаи Ихвон , ҳамчунин Абдурраҳмон Албир , муфтии Ихвонулмуслимин ва даҳҳо нафари дигарро шомил ме‌шавад.

 Кумитаи мавсум ба мусодира ва мудирияти дороиҳои гурӯҳҳои «террористӣ» дар Миср декабри 2020 номи се ширкат ва 285 нафар аз аъзои Ихвонулмуслиминро дар феҳристи худ қарор дод, то ҳукми пешини додгоҳи умури изтирорӣ дар минтақаи Обидин, дар ноябри 2020-ро иҷро кунад.

 Давлати Миср пас аз табаддулоти Абдулфаттоҳ Ассисӣ алайҳи Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури собиқ дар декабри соли 2013 , Ихвонулмуслиминро гуруҳи террористӣ хонд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular