Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБайден аввалин паёми твиттерии худ ба унвони раисҷумҳури Амрикоро мунташир кард

Байден аввалин паёми твиттерии худ ба унвони раисҷумҳури Амрикоро мунташир кард

Раисҷумҳури ҷадиди Амрико нахустин паёми худро дар ҳисоби твиттерии мухтас ба сарони ин кишвар таҳти унвони “potus@” мунташир кард. 

Ҷу Байден, раисҷумҳури ҷадиди Амрико бо интишори нахустин паёми худ дар ҳисоби твиттерии мухтас ба сарони ин кишвар таҳти унвон «potus@» эълом кард: Ҳеҷ вақти талаф кардан барои ҳали мушкилоти пешрӯи мо надорем. Бад-ин далел имрӯз дар инҷо ҳастам. 

Вай дар аввалин паёми твиттери худ ба унвони чиҳилу шашумин раисҷумҳури Амрико ҳамчунин навишт: Ба дафтари байзӣ бо ҳадафи анҷоми иқдомоти дилерона ва таъмини ниёзҳои хонаводаҳои амрикоӣ хоҳам рафт. 

Гуфтанист, ки ширкати твиттери ҳисоби корбарии Доналд Трамп, раисҷмуҳури пешини Амрикоро рӯзи ҷумъа 8 январ барои ҳамеша масдуд кард. 

Ин шабакаи иҷтимоӣ ҳамчунин паёмҳои Трамп дар ҳисоби potus@ро низ ҳазф ва далели ин иқдомро юриши ҳаводорони вай ба сохтимони Кунгираи Амрико дар 6 январ эълом кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular