Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоз $105 млн.и БОР. Ин дафъа барои ҳисобкунакҳо

Боз $105 млн.и БОР. Ин дафъа барои ҳисобкунакҳо

Тоҷикистон то соли 2025 бо кумаки 105 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё барномаи насби шуморишгарҳо (ҳисобкунак) — и ҳушманди барқро амалӣ мекунад.

Тавре сомонаи ТОП ТҶ иттилоъ медиҳад, яке аз шартҳои Бонки Рушди Осиё барои вогузории ин манобеи молӣ гарон шудани қимати барқи масрафӣ аст, ки бояд зина ба зина, ҳамасола афзоиш ёбад.

Дар марҳалаи нахусти ин тарҳ, насби 398 ҳазор дастгоҳи шуморишгари ҳушманди барқ бо 50 миллион доллар масраф дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Бӯстон, Конибодом ва Данғара барномарезӣ шудааст. Коршиносон ба ин назаранд, ки бо вуҷуди сармоягузории БОР дар ин соҳа, пули ҳисобкунакҳо аз мардум ҳам ситонида хоҳад шуд.

Бо насби ин шуморишгарҳои ҳушманд, муштариёни барқ муваззаф ҳастанд, ки оғози ҳар моҳ пули барқи масрафии худро ба унвони пешпардохт ба ҳисоби ворез кунанд ва интиқоли барқ ба хонаҳо фақат бо доштани корти вижаи пардохти пули хадамот, имконпазир хоҳад буд.

Ҳамчунин агар муштариён бамавқеъ ҳаққи барқи масрафиро напардозанд, дар муддати 10 то 15 рӯз барқи онон қатъ мешавад.

Ба гуфтаи коршиносони соҳа, қимати феълии 22.6 дирам барои ҳар киловатт соат барқи масрафӣ дар бахши хонагӣ гарон аст ва бояд бо афзоиши қимати барқ бо эҳтиёт бархӯрд шавад.

Бахше аз кормандони давлат, ки маоши поине дарёфт мекунанд, қишрҳои осебпазири ҷомеа ва бознишастагон дар сурати афзоиши қимати барқ дар Тоҷикистон бо мушкил рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular