Иброҳим Усмон, сиёсатшинос ва устоди собиқи факултаи рӯзноманигорӣ аз барномаҳои телевизионии кишвар интиқод кард.
Иброҳим Усмонов, ки замоне дар симматҳои раёсати Кумитаи радио ва телевизион, муовини вазири фарҳанг ва намояндаи парлумони Тоҷикистон фаъолият карда, ҳамзамон устоди риштаи рӯзноманигорӣ дар Донишгоҳи давлатии кишвар буд, аз вазъи телевизионҳо ибрози нигаронӣ карда гуфт, «телевизиони мо телевизиони консертӣ шудааст, вазифаи идеологиро иҷро намекунад. Афсӯс, ки ин ҳолат чандин сол аст, ки идома дорад. Телевизионе, ки ман кор мекардам, телевизиони идеологӣ буд».
Усмонов зимни сӯҳбаташ бо сомонаи Pressa.tj таъкид кардааст: «Мо шореҳ, журналисте, ки бо халқ гап занад, надорем. Шоиргӯ ва шиорпарто дорем.»
Вай таъкид кардааст, гоҳ-гоҳ телевизион мебинад ва асосан ахбор мебинад, то ки аз вазъи кишвар бохабар бошад. Вале барномаи мушаххасе барои тамошо надорад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

