Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРукуди 70 дарсадии вуруди хориҷиён ба Русия

Рукуди 70 дарсадии вуруди хориҷиён ба Русия

Шаҳрвадони хориҷӣ дар соли 2020 назар ба соли 2019 ба ҳудуди Русия 70 дар сад камтар ворид гардидаанд

Бо далели пандемияи коронавирус дар Русия шумораи муҳоҷирон якбора коҳиш ёфт, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба ВКД Русия.

Ҳамин тавр, ба Русия дар соли 2020 аз моҳи январ то ноябр 5,2 миллион шаҳрванди хориҷӣ ворид гардиданд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2019 ба 70,2 дар сад камтар аст.

Бино бар омор, теъдоди бештари муҳоҷирон ба Русия аз кишварҳои Осиёи марказӣ — 80 дар сад ворид шуданд. 7,3 дар сади меҳмонон дар Русия аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо буданд.

«Таъкид карда мешавад, ки ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ 24 дар садро ташкил дод. Аз ин ҷараёни муҳоҷират 12,4 дар садаш ба шаҳрвандони дигар кишварҳо рост меояд», — омадааст дар гузориши манбаъ.

Бино бар иттилои ВКД, дар соли 2020 қариб нисф — 44 дар сади тамоми шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия бо ҳадафҳои шахсӣ ворид шудаву барои кор танҳо 24 дар садомадаанд.

Ёдрас мешавем, дар пайи пандемияи коронавирус аз 27 марти соли 2020 Русия марзҳояшро баста буд ва тамоми парвозҳои байналмилалӣ, ба истиснои парвозҳои махсус, санитарӣ, почта ва ғайра, лағв гардиданд.

Аз моҳи августи соли 2020 парвозҳо барқарор мешаванд.

Пештар Авиатсияи граждании Тоҷикистон эълом кард, ки бо Русия барои барқарор кардани парвозҳо гуфтушунидҳоро идома медиҳад. Аммо, феълан танҳо парвозҳои махсус анҷом дода мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular