Дирӯз, 20 январ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Миллии Тоҷикистон тарҳи қонун «Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ»-ро тасвиб кард, ки амалан қабули пешниҳоди вакилони ҲНИТ дар сол 2012 аст. Аммо ин дафъа пешниҳод аз чониби вазири дифоъ сурат гирифт ва “бо як овоз қабл шуд”.
Вазири дифоъ Шералӣ Мирзо, ки тарҳи ин қонунро дар парлумон муаррифӣ мекард, ҳадаф аз қабули онро “беҳтар кардани сифати хидмати ҳарбӣ” номид, аммо шарҳи бештаре ироа накард. Ӯ гуфт дар Тоҷикистон солона то 10 дарсади ҷавонони синни хизмат ба артиш ҷалб мешаванд ва аз ин ба баъд онҳое, ки аз ин берун мемонанд, метавонанд бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа дар ҳайати нерӯҳои захиравӣ, соҳиби билетӣ ҳарбӣ шаванд. Ҳаҷми ин маблағ ва ин ки чаро онҳое, ки ба ҳайси нерӯҳои захиравӣ тамрин мегиранд бояд пул пардохт кунандро вазири дифоъ баён накард ва гуфт, ки тартиби пардохти он ҳоло маълум нест ва ҳаҷми онро ҳукумат муайян мекунад.
Ҳамчунин, бар асоси тағйироти воридшуда, ҷавононе, ки кафедраҳои ҳарбиро дар донишгоҳҳо хатм мекунанд, танҳо баъд аз 12 моҳи хизмати ҳарбӣ, соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ мешаванд. То имрӯз хатмкунандаҳои донишгоҳҳое, ки дорои кафедраҳои ҳарбӣ буданд, бо иштирок дар давраҳои 40-рӯза соҳиби билети ҳарбӣ мешуданд ва рутба мегирифтанд.
Ин тарҳ пешбинӣ кардааст, ки минбаъд танҳо онҳое, ки хизмати ҳарбиро анҷом додаанд ниҳодҳои додгоҳӣ, додситонӣ, коррупсия, гумрук ва Хадамоти иҷро ба кор қабул карда мешаванд. Вазири дифоъ ба ин назар аст, ки ин қоидаи нав метавонад сафи ихтиёриёнро афзоиш диҳад.
Бархе аз тағйироте, ки бо пешниҳоди вазорати дифоъ ба қонун «Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ» ворид шудааст, аз пешниҳоди 8 сол қабли мухолифин тафовут дорад, аммо ба назар мерасад ҳадафи аслӣ аз тасвиби ин қонун расмӣ кардани гирифтани маблағ барои билети ҳарбӣ аст. То ин замон даҳҳо ҳазор ҷавон барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ ришва пардохт мекарданд. Ҳоло давлат тасмим гирифтааст ин ришваҳо расмӣ шаванд ва ба хазинаи давлат ворид гарданд.
Аввалин бор масъалаи хидмати алтернативӣ дар барномаи пешазинтихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2010 садо дод. Баъдан, соли 2012 вакилони ҲНИТ дар парлумон пешниҳод карданд, ки ба ҳамин қонун тағйирот ворид карда шуда, онҳое, ки намехоҳанд хизмат кунанд маблағи муайянео ба хазинаи давлат пардохт кунанд ва аз ҳамин пулҳо ба онҳое, ки ихтиёрӣ ба хидмат мераванд моҳона пардохт карда шавад. Ин пешниҳод рад шуд ва дигар ба парлумон барнагашт. Тибқи маълумоте, ки Паём даст дорад, ҳарчанд ҳукумат ҳамеша ба пешниҳодҳои ҲНИТ вокуниши душманона мекард ва онҳоро танҳо ба ҳамин хотир, ки ҳизби мухолиф пешниҳод кардааст, рад менамуд, Вазорати дифоъ аз мухолифини сарсахти ин пешниҳод будааст. Барои мисол як-ду пешниҳоде ба ҳамин монанд, ки дертар аз забони вакилони дигар садо дода буд, аз ҷумла аз тарафи Сайидҷаъфар Усмонзода, раиси ҲДТ, бо дахолати ин вазорат дар батнаш хомӯш карда шудааст.
Даромади иловагӣ барои буҷа?
Аммо чаро ҳукумат ба ин натиҷа расид, ки бояд ин тарҳ роҳандозӣ шавад ва чаро то ин замон мухолифат мекар?. Коршиносе, ки нахост номаш зикр шавад ба Паём гуфт масъала бастагӣ мегирад ба усули қабули қонунҳо ва мушкили буҷа. “Сабаби мухолифати ҳукумат ба ин тарҳ он буд, ки дар ин бозор даҳҳо миллион доллар давр мезанад. Табиист, Вазорати дифоъ, ки дар ин бозор даҳҳо генералаш миллионеру ҳазорҳо афсараш соҳиби хонаву дар мешаванд, бо тамоми қудрат муқобили аз байн рафтани облававу расмӣ шудани пардохт барои озодӣ аз хидмати артиш мубориза мебарад. Усули қабули қарорҳо дар ҳукумат чунин аст: вазорат, кумита ё ҳар ниҳоди дигаре, ки мехоҳад қонуне қабул шавад ё баръакс рад шавад, маблағи муайянео ба Дастгоҳи президент пардохт мекунад. Ба вакилон танҳо хабар медиҳанд, ки ин қонун бояд қабул шавад ё нашавад”.
Сабаби ҳоло қабул шудани ин қонунро ӯ дар мушкили буҷа мебинад. Ин коршинос мегӯяд “ҳоло буҷа ба мушкили сахте дучор шудааст. Бояд бо ҳар роҳе даромади иловагӣ пайдо карда шавад. Вақте вазъият чунин танг мешавад, дигар ришваи вазорат қабул намешавад. Чунки агар қабул шавад, раисҷумҳур ва хонаводааш роҳи дигаре барои пур кардани буҷа пайдо кунанд. Масалан корхонаҳои оилавиашон андоз супоранд. Бинобар ин қарор ба ин шудааст, ки яке аз манбаъҳои даромади буҷа аз ҳисоби ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ бошад”.
Солона беш 55 ҳазор нафар ҷавон ба синни хидмати ҳарбӣ мерасанд. Агар чуноне, ки мақомот мегӯянд 10 дарсади онҳо, яъне 5 000 нафар ба артиш ҷалб мешаванд, пас 50 000 нафари дигар бояд барои гирифтани билети ҳарбӣ маблағ пардохт кунанд. Ҳоло бештари волидон барои халос кардани фарзандонашон аз сафи артиш аз 500 то 2000 доллар ришва пардохт мекунанд.
Маълум нест ҳукумат қимати билети ҳарбиро чӣ қадар муқаррар мекунад. Ҳатто дар сурати 500 доллар муайян кардан он ҳам солона $25 млн вориди буҷа хуҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни ҳуқуқ ба ин боваранд, ки озод шудан аз хизмат ба ивази маблағ метавонад ба ин оварда расонад, ки танҳо ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ба хизмат ҷалб шаванд.
Дар пешниҳоди ҲНИТ таъкид шуда буд, ки аз ҳисоби маблағҳои бадастмеомада бояд ба онҳое, ки дар артиш хидмат мекунанд моҳона пардохт шавад, то онҳо тавонанд хонаводаҳояшонро бо он таъмин кунанд. Гуфта мешуд пардохти моҳонаи хуб метавонад ҳам рақобат барои хидмат дар артишро ба вуҷуд орад ва ба ин оварда расонад, ки ҷавонон хидмат дар артишро ба муҳоҷират тарҷеҳ диҳанд.
Аммо дар тарҳе, ки дирӯз тасвиб шуд, ҳеҷ ҳарфе дар бораи пардохти моҳона ба аскарон вуҷуд надорад. Зоҳиран ҳадаф танҳо гирифтани даромади иловагӣ барои буҷа аст, на ислоҳот дар артиш. Ва Шералӣ Мирзо инҷо танҳо ба ҳайси намояндаи ҳукумат ширкат кардааст, на чун вазири дифоъ.
Метавон бо итминон гуфт, ки аслан инҷо ҳарфи ислоҳот дар артиш нест. Ҳарфи аввал дар ислоҳот қудрат бахшидан ба артиш, беҳтар кардани шароити хидмат, аз байн бурдани фасод дар ин соҳа аст. Маблағе, ки аз ин роҳ ба даст меояд, дар сурати истифодаи дуруст метавонад сатҳи артиши кишварро бамаротиб боло барад. Ва ин ислоҳоте хоҳад буд, ки ҳеҷ соҳаи кишвар назирашро надидааст. Агар ҳадаф аз ин тағйирот дар қонун воқеъан ислоҳот мебуд, вазири дифоъ ҳам аз ҳамин шурӯъ мекард ва тамоми таъкидаш болои он мебуд. Вале дар суханронии ӯ ҳеҷ ҳарфе дар бораи ислоҳот нест.
Ба назар мерасад ҳукумат тасмим гирифтааст дар ин роҳи нави кашфкардааш барои пур кардани буҷа, ба қавле “говро аз шохаш бигирад”. Минбаъд донишҷӯёне ҳам, ки кафедраҳои низомиро хатм мекунанд, бояд 12 моҳ хизмат кунанд, то рутбаи афсарӣ гиранд. Зоҳиран ҳукумат тасмим гирифтааст ин гурӯҳи бузургро низ аз пардохти “билетпулӣ” маъоф накунад ва аз онҳо ҳам чизе ситонад.
Иттифоқан қисмати бузурги донишҷӯёнеро ҳам, ки дар донишгоҳҳои кишвар таҳсил мекунанд, онҳое ташкил медиҳанд, ки танҳо ба хотири фирор аз артиш донишҷӯ шудаад. Вагарна, 90 дарсади хатмкардагони донишгоҳҳо аз рӯи ихтисосашон кор пайдо карда наметавонанд. Ин ислоҳот ба қонун метавонад шумори хоҳишмандон таҳсил дар донишгоҳҳоро низ камтар кунад.
Ба ҳар ҳол, ба иҷро даромадани ин қонун метавонад сатҳи фасод ва облаваро дар артиш поён барад. Бо гумони ғолиб минбаъд кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ рӯйхати онҳое, ки пули билети ҳарбиро пардохт накардаанд дар даст гирифта, облаваро дар хонаҳо ё атрофашон анҷом хоҳанд дод. Албатта дар хонаҳои камбағалон.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

