Friday, November 14, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетШиркати вазири хориҷа дар нишасти ACD

Ширкати вазири хориҷа дар нишасти ACD

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷаласаи XVII-и вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкориҳои Осиё (ACD) таҳти унвони “Саёҳати нави муқаррарӣ, бехатар ва солим”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, ширкат варзид.

Тавре бахши иттилооти департаменти сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар суханронии худ Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистонро дар мавриди самтҳои гуногуни ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи ҳамкории Осиё баён кард. Дар ин робита, аҳаммияти андешидани чораҳои зарурӣ барои вокуниши муносиби муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳои пайдошуда таъкид гардид.

Муколамаи ҳамкориҳои Осиё  дар соли 2002 таъсис ёфтааст ва як созмони байниҳукуматӣ мебошад. Ин созмон кӯшиш мекунад, ки бозори савдо ва молиявиро дар Осиё васеъ кунад. Дар аввал, ба ин созмон 18 кишвар шомил буданд. Аз соли 2016 инҷониб Муколамаи ҳамкориҳои Осиё 34 кишвари Осиё ва Ховари Миёнаро муттаҳид мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?