Wednesday, February 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДархости Тоҷикистон барои 2 млн воксин

Дархости Тоҷикистон барои 2 млн воксин

Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои гирифтани 2 миллион дона (доза) ваксинаи зидди коронавирус ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дархост додааст.

Мақомот гуфтанд, дар сурати дарёфти ваксина, қабл аз ҳама, пизишкон ва шахсони синнашон аз 50-сола болоро эм мекунанд. Баъзе аз пизишкон мегӯянд, Тоҷикистон дар эмкунии зидди коронавирус дер мемонад, ҳарчанд масъулони Вазорати тандурустӣ ҳар гуна кашолкориро рад мекунанд.

Ин хабарро Радиои Озодӣ нашр кард. Ба иттилои манбаъ Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ  гуфтааст, дархости Тоҷикистон барои дарёфти ваксина дар доираи барномаи COVAX фиристода шудааст.

Барномаи мазкур зери назари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ амал карда, 92 кишварро фаро мегирад. Ин кишварҳо умед доранд, ки бо ёрии созмон аҳолии худро бо ваксина таъмин хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, дархости Тоҷикистон дар баррасии кумисюни COVAX аст ва ҳанӯз дақиқ нест, ба Тоҷикистон кадом намуд ваксина ворид мешавад. Дар Вазорати тандурустӣ гуфтанд, кишвар он намуд ваксинаеро дархост кардааст, ки бехатарӣ ва сифаташ аз ҷониби СҶТ тасдиқ карда шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле мунтазири ваксина аз COVAX ҳастанд, ки баъзе аз кишварҳои ҳамсоя барои харидани ваксина ба шаҳрвандонашон фармоиш додаанд. Аз ҷумла, Узбекистон барои ҳар шаҳрвандаш як дона (доза) ваксинаи зидди COVID-19 супориш додааст.

Дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ва Осиё эмкунии сартосарӣ оғоз шудааст. Баъзе пизишкони тоҷик мегӯянд, замони он расидааст, ки дар Тоҷикистон низ барои қишри осебпазир ваксинаи зидди коронавирус зудтар дастрас карда шавад.

Мақомот дар Тоҷикистон ба суоли он, ки оё барои харидани ваксина аз буҷа маблағ ҷудо шудааст ё не, посух намедиҳанд. 

Бино ба ҳисоби Эътилофи ҷаҳонии эмкунӣ (GAVI), арзиши як дона (доза) ваксина аз 10 то 20 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба ҳар шахс бояд ду дозаи ваксина гузаронда шавад. 

Ба иттилои расмӣ, коронавируси нав дар Тоҷикистон то кунун ба бештар аз 13 ҳазор нафар сироят карда, боис ба марги 90 нафар шудааст. Аммо коршиносони мустақил ба омори Вазорати тандурустӣ бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, миқёси сирояти коронавирус ва талафот аз он ба маротиб бештар аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular