Tuesday, February 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚатъи ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ

Қатъи ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ

Бар асари бориши зиёди барф дар Тоҷикистон аз субҳи имрӯз  22-юми январ ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор дар роҳи Душанбе-Чаноқ манъ гардид. Бозраси давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, баста шудани роҳ барои бархе мошинҳо муваққатӣ аст.

Аммо,  ҳаракати мошинҳои сабукрав дар масири Душанбе-Хуҷанд манъ нашудааст.

Шаби 21 ба 22 январ дар аксари манотиқи Тоҷикистон шамоли бошиддат вазида, барфи зиёд борид. Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар дар як хабарнома огаҳ карда буд, ки ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар рӯзҳои 22-23 январ ҳарорати ҳаво якбора поён мефарояд. Дар хабарномаи ин кумита гуфта шудааст, ки бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои намноки баҳримиёназаминӣ ва ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Русия дар ҷумҳурӣ якуякбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво боришоти борон гузариш ба барф дар назар буда, рӯзи 22 январ боришоти бошиддат  пешгӯӣ шудааст.

Кумита аз сокинон бо исрор хоҳиш кардааст, ки давоми ин рӯзҳо басо эҳтиёткор бошанд,бидуи зарурат сафар накунанд, пеш аз сафар аз ҳолати роҳҳо аз мақомотҳои дахлдор маълумот бигиранд, мошинҳои худро аз назар гузаронанд, чархҳои тобистонаро ба чархҳои зимистона иваз кунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular