Хосият Ёрова, хоҳари вакили машҳури дифоъ Бузургмеҳр Ёров ба шарҳи қазияи боздошти муфаттиши Бузургмеҳр — Музаффар Ҳакимов пардохтааст.
Дар як навиштаи нотамомаш ӯ изҳор кардааст, ки қабл аз Ҳакимов ҳам аз Бузургмеҳр мехостанд пора ситонанд, аммо муваффақ нашудаанд. Матни пурраи навиштаи Хосият Ёрова ба шакли зер аст:
“Ҳафтаи охир боздошти муфаттиши парвандаи бародарам Ҳакимов Музафар расонаӣ шуд ва овозаву «версия»-ҳои бисёрам паҳн гашт. Сараввал аз он гуфтаниям, ки аз рӯзи дастгиршавии бародарам чунин пешниходҳо «пора» додан зиёд буданд.
Якумин маротиба ин рӯзи санксия баровардани Бузург буд. Он рӯз ду соат пеш миёнараве ки адвокати коллегияи “Сипар” буд, омада гуфт, ки 35000$ (сивупанҷ ҳазор доллар) то саршавии санксия ҷамъ оварему пеши суди ноҳияи Сомонӣ оварда ба ӯ диҳем. Бар ивази ин санксияи арест намедиҳанду аз толор озод мекунанд. Мо, ҳамаи оила ба ҷустуҷӯ баромадем. Ба хешовандон занг задем. Ҳуҷҷатҳои хонаҳоямонро ба гарав гузоштанӣ ҳам шудем, вале 2 соат ин хеле мӯҳлати кӯтоҳ буд. Як қисми маблағ ҷамъ шуд. Занҳои оилаамон гирёну нолон “ёбед маблағу озод шавад” мегуфтанд (ман худро марди ин оила меҳисобам).
Соати даркорӣ пеши бинои суд ҷамъ шудем, вале ман ва , ки он вақт дар озодӣ буд, ба ин “сделка” боварӣ надоштем. Гуфтем бояд Бузургро бинем. Миёнаравхо дар кафе, ки паҳлӯи бинои суд қарор дошт, интизор буданд. Хушбахтона ман ва янгаамро иҷозати воридшавӣ ба толори суд доданд. Мо даромадем. Ин санаи 1 октябр буд. баьди аҳволпурсӣ гуфт, ки ғам нахӯрем ҳамааш хуб мешавад. Мо се ҷумла гап задем. Ман гуфтам фикри худатонро кунед. Ӯ гуфт ман фикри 8 миллион аҳолиро мекунам. Боз гуфтам 8 миллион аҳолӣ пушти дари суд нест, онҷо ҳамагӣ 8 нафар аҳли оилаамон омаданд. Ӯ бошад “ман дар фикри ҷомеъа ҳастам” мегуфт. Боз гуфт “Ёровро кушанд ҳеҷ гап не, боз сад Ёрови дигар таваллуд мешавад…” Хуллас моро берун карданд.
Ман даррав баромада ба хешовандон гуфтам, ки пул надиҳед, чунки агар ҳамин ҳоло 100 ҳазор доллар ҳам диҳем, бо ин суханонаш ҳеҷ кас ӯро озод намекунад. Ҳамааш фитна аст. Чунин ҳам кардем. Миёнаравҳо ғамгин аз кафе баромада рафтанд. Қарори санксияи боздошт ба мӯҳлати муайян бароварда шуд.”
Дар давоми ин қисса, ки дар пости дигаре нашр шудааст, Хосият Ёрова менависад:
Баъдан вақте овозаи статяҳои «хавфнок» омад, боз як шиноси оилаамон шабона омада гуфт, ки мехоҳад кӯмак кунад ва маблағи 5000$ (панҷ ҳазор доллар) лозим то ташхисгарон мақолаҳои навиштаи ро ифротӣ набароранд. Ман гуфтам ба мақолаҳои Маҳкамов мо чӣ дахл дорем? Ва инчунин гуфтам айни замон (дар ин шаб) чунин маблағ ёфта наметавонам. Шинос пешниҳод кард, ки автомобиламро ба хонаи дӯсташ бурда, ба ивази 5000$ гарав монам. Ман ба ин розӣ нашуда гуфтам, то саҳар ягон фикр мекунем. Баьдан бо дӯстони бародарам маслиҳат кардам. Онҳо гуфтанд, ки айни замон ягон маблағ кӯмак намешавад ба фоидаи кор.
Акнун мегузарем ба қисми муфаттиш. Намехостам ҳамаро муфассал нависам, аммо баъди хондани шарҳҳо зери мақолаи “Озодӣ” маҷбурам, ки нависам. Оиди 25 000$ доллар ба муфаттиш додан, ин ҳақиқат дорад. Одамон мегӯянд наход 25 хазор? О чӣ хел барои як фарзандро аз армия нигоҳ доштану билети ҳарбӣ харидан, волидайн ду-се ҳазор қарз мекунанду фарзандро аз ин раҳо мекунанд, пас зиндониҳо чӣ? Онҳоро наздикон тайеранд ба маблағи чанде бошад озод кунанд! Дуруст аст, ки чунин маблағи калон дар як рӯз гуфтаву фардош оварда нашудааст. Барои ин ҳафтаҳо лозим буд, ки ҷамъоварӣ шавад.
Вақте ҳамсари бародарам гирёну нолон омада, хоҳиши 25.000 ҷамъ карданро гуфт, ман гуфтам, ки ҳамааш фиреб, ягон кор ба фоидаи мо намешавад. Вале ҳамсари бародараму модарам мегуфтанд ҳеҷ гап не, қарз кунед, хонаҳоро фурӯшед, мошинро фурӯшед вале ӯро озод кунед. Маблағ қариб 1 ҳафта ҷамъоварӣ шуд. Ва рӯзи муайян бояд ҳамсараш бурда медод, вале ман гуфтам ба он шарте, ки дар доду гирифт ман низ иштирок кунам. Чун ин маблағи калон аст ва масьулияти баргардонданаш низ ба ӯҳдаи ман аст… Ӯ розӣ шуд. Мақсади додани ин маблағ, баргардондани маблағҳои ҷабрдидаҳо буданд. Воқеъан 3 нафаре, ки пеш аз дастгиршавии ҳаққи хизмат дода буданд ва дар суд ҳам Бузург инро эътироф карда буд. Ва яқин, ки боқимонда ҳаққи хизмати муфаттиш. Ин воқеъа моҳи ноябр рух дода буд. Диққат диҳед, агар мо ӯро тӯҳмат кардани мебудем, фардош мегуфтем маблағ гирифт, вале мо то моҳи августи соли 2016 дар ин бора ба касе нагуфтем. Фақат баъди моҳи июн ё июл ки аз тарафи прокуратураи генералӣ нисбати муфаттиш парванда оғоз шуд, моро даъват карданд ва баёноту рӯбарӯкуниҳо гузаронданд.”
Хосият Ёрова дар бораи маблағи 25000 доллар, муфассал шарҳ надодааст, ки чӣ қадараш ба “ҷабрдидагон” баргардонида шуд ва чӣ қадараш дар дасти муфаттиш монд. Ҳамчунин ӯ дар қиссаи нақлкардааш нуқтаи таммат нагузошта, навиштааст, ки он давом дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Музаффар Ҳакимов, муфаттиши Бузургмеҳр Ёров бо айбии ситонидани пора аз Бузургмеҳр боздошт шуда буд.