Friday, February 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳмон гуфт COVID-19 аз Тоҷикистон рахт бастааст

Раҳмон гуфт COVID-19 аз Тоҷикистон рахт бастааст

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26 январ дар назди вакилони ҳарду палатаи порлумон иддао кард, ки «Тоҷикистон имрӯз бе COVID-19 аст». Ӯ аввалин раисҷумҳур дар ҷаҳон аст, ки ба пирӯзии комил бар коруно даъво мекунад. Аммо бисёриҳо дар Тоҷикистон ва берун ба он шубҳа доранд.

Раисҷумҳур, ки ба вакилон паёми солонаашро ироа мекард гуфт, аз оғози моҳи январ дар кишвар ҳеҷ ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 сабт нашудааст. Аммо таъкид кард набудани COVID-19 ба маънои он нест, ки сокинон қоидаҳои беҳдоштиро сарфи назар кунанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз оғози моҳи январ танҳо дар рӯзҳои 2, 5 ва 10-уми январ аз сабт шудани гирифторӣ ба COVID-19 хабар додааст. Ба иттилои ин ниҳод, аз рӯзи 10-уми январ ба ин тараф ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Аммо мутахассисон ба омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, миқёси гирифторӣ ва талафот аз коронавируси нав ба маротиб бештар аз он аст, ки вазорати тандурустӣ эълон мекунад.

Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми январ чанд маротиба ба набудани COVID-19 дар Тоҷикистон ишора кард, вале афзуд мақомот афроди аз хориҷа омадаро дар хона карантин мекунанд.

Раҳмон ба сокинон ҳушдор дод, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд. Тамаркузи бештари Эмомалӣ Раҳмон бештар ба кори масҷид ва тӯю ҷанозаҳо буд. Эмомалӣ Раҳмон ба намозгузорон ҳушдор дод, ки дар сурати риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ, «масҷид кор намекунад».

Масҷидҳои Тоҷикистон аз рӯзи 1 феврал боз мешаванд. Пештар аз ин низ мақомот ҳушдор додаанд, ки дар сурати риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ, дари масҷидҳо баста мешаванд. Вале сокинон, аз ҷумла намозгузорон мепурсанд, ки чаро мақомот дар баробари масҷид ба нақлиёти ҷамъиятӣ ва бозорҳо нигоҳ намекунанд, ки аксаран қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular