Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаисҷумҳур ба таъсиси агентии нав дастур дод

Раисҷумҳур ба таъсиси агентии нав дастур дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки соли ҷорӣ Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. 

Ӯ ин нуктаро зимни паёми солонааш ба парлумон раванди гузариш ба иқтисоди рақамиро ғайриқаноатбахш номид.

Раисиҷумҳур сабаби таъсиси агентиро барои рафъи камбудиҳо ва суръати корҳо унвон кард.

Ӯ  ҳамзамон гуфт, соли ҷорӣ дар Тоҷикистон авф бо мақсади қонунигардонии маблағҳо ва дигар дороиҳо гузаронида хоҳад шуд.

Ба гуфти ӯ дар 30 соли истиқлоли кишвар танҳо як маротиба чунин иқдом сурат гирифта буд: «Ҳатто кишварҳои абарқудрат дар ин 30 сол 10-15 маротиба гузаронданд. Чанд сол пайиҳам».

Эмомалӣ Раҳмон  гуфт, ки мақсади асосӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ мебошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular