Tuesday, October 21, 2025
ADS
HomeПаём нетОё Руссия рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбонро истироҳат эълон мекунад?

Оё Руссия рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбонро истироҳат эълон мекунад?

Ба фарқ аз ҳама идҳо Рамазон ва Қурбон, ки ду ҷашни асосии мусалмонон ба шумор мераванд, то ҳол дар Федератсия Руссия рӯзи истироҳати саросарӣ эълон нагардидааст.

Ин аст, ки мусалмонони ин кишвар бо роҳандозии як чорабинии густарда ба ҷамъоварии имзо дар сар то сари Руссия иқдом намуданд ва аз Владимир Путин дархост ба амал овардаанд, ки рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбонро дар сатҳи қукуматӣ истироҳат эълон намояд. Ислом дини дуюмине аст, ки аз нигоҳи шумораи пайравонаш дар қаламрави ин кишвар мақоми хос дорад ва назар ба омори соли 2002 теъдоди мардуми мусалмон дар Руссия 14,5 миллион ҳисоб мешавад. Айни ҳол шумораи мусалмонон дар ин қаламрав як баробар афзуда, тақрибан ба 20 дарсади шумораи умумии аҳолии Руссия баробар шудааст.
Дархост аз Путин дар ин бора ба шакли хаттӣ сурат гирифта, таъкид мегардад, ки мусалмонони қаламрави Қрим, Тотористон, Башқордистон, Адигей, Доғистон, Ингушистон, Карачаево-Черкесии, Чеченистон ва Кабардино-Балкария ҳаққи истироҳати расмӣ дар рӯзҳои иди мусалмононро пайдо кардаанд, аммо пайравони ислом дар дигар шаҳру навоҳии Руссия мутаассифона аз он дар канор мондаанд.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?