Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро ба 14 сол зиндон маҳкум карданд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ. Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ дар ин бора рӯзи 28-уми январ содир шуд.
Додрас Маҳмурод Одинаевро ба авбошӣ ва даъвати ом ба ифротгароӣ гунаҳкор донист, аммо худи ӯ ҳукмро напазируфт ва дар толори мурофиа гуфт, «Худо ҳаст».
Писараш Ҳабибулло Ризоевро ба пардохти 58 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф карданд. Ӯ ба авбошӣ айбдор шуд, вале худаш аз оғоз ин иттиҳомро инкор кардааст.
Маҳмурод Одинаев моҳи декабри соли гузашта дастгир ва муҳокимааш рӯзи 25-уми январ шуруъ шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

