Wednesday, December 31, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нет14 сол ба Маҳмурод Одинаев. Ҳукми додгоҳ содир шуд

14 сол ба Маҳмурод Одинаев. Ҳукми додгоҳ содир шуд

Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро ба 14 сол зиндон маҳкум карданд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ. Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ дар ин бора рӯзи 28-уми январ содир шуд.

Додрас Маҳмурод Одинаевро ба авбошӣ ва даъвати ом ба ифротгароӣ гунаҳкор донист, аммо худи ӯ ҳукмро напазируфт ва дар толори мурофиа гуфт, «Худо ҳаст».

Писараш Ҳабибулло Ризоевро ба пардохти 58 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф карданд. Ӯ ба авбошӣ айбдор шуд, вале худаш аз оғоз ин иттиҳомро инкор кардааст.

Маҳмурод Одинаев моҳи декабри соли гузашта дастгир ва муҳокимааш рӯзи 25-уми январ шуруъ шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular