Thursday, November 13, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаиси Маркази тоҷикон дар Ӯзбекистон истеъфо дод

Раиси Маркази тоҷикон дар Ӯзбекистон истеъфо дод

Дар шаҳри Тошканд ҷамъомади аъзои раёсати Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар он масъалаи истеъфои Ҷаъфари Муҳаммад аз мақоми раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон баррасӣ гардид.

Ба иттилои нашрияи Фараж, баъди муҳокимаҳои зиёд аъзои раёсат истеъфои Ҷаъфари Муҳаммадро пазируфтанд. Ба ҷои ӯ муваққатан, яъне то баргузории конфронси ғайринавбатии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон узви ҳамин раёсат ва ноиби аввали раис Гуландом Субҳонова ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи раис интихоб карда шуд.

Шоир ва олими файласуф Ҷаъфари Муҳаммад бештар аз ду сол дар ин мақом вазифа анҷом дод. Вай устоди Донишгоҳи ховаршиносии Тошканд мебошад.

Интизор меравад, ки то охири моҳи феврали соли равон ҷамъомади навбатии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд. Дар он вакилони шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишини ҷумҳурӣ  раиси нави марказро интихоб мекунанд.

Дар ин ҷамъомад ҳамчунин ойинномаи Маркази миллӣ-фарҳангӣ низ, ки ба тозагӣ таҳия ва таълиф шудааст, ба тасвиб хоҳад расид ва баъдан ба Вазорати адлияи ҷумҳурӣ барои тасдиқ ироа хоҳад шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?