Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКашфи корунои бритониёӣ Дар Узбекистон

Кашфи корунои бритониёӣ Дар Узбекистон

Дар Узбекистон намуди нави вируси куруно дар нафароне, ки аз хориҷа бармегарданд, пайдо шудааст. Расонаҳои хабарии ин кишвар ҳам аз пайдо шудани гирифтори вируси штамми бритониёӣ, ки аз рӯйи таҳқиқи олимон 70 дарсад бештар сироят карда истодааст, иттилоъ дода буданд. 

Дар Узбекистон ҳукумат шарт гузошт, ки агар мардум қоидаҳои зарурии санитариро риоя накунанд, метавонад чораҳои таҳкими карантинро баррасӣ кунад. 

Дар ин бора сардори хадамоти санитарию эпидемиологӣ ва хадамоти тандурустии аҳолӣ Баҳодир Юсуфалиев тариқи шабакаи телевизионии“ Узбекистон 24 баромад карда гуфт: «Мубориза бо коронавирус идома дорад, ҳолатҳои нави беморӣ, навъҳои гуногуни ҷадидтар пайдо мешаванд. Аз ин рӯ, ман мехостам аз мардуми Ӯзбекистон даъват кунам, ки маҳдудиятҳо — пӯшидани ниқоб, масофа, истифодаи антисептикҳоро риоя кунанд “ Юсуфалиев мегӯяд, ки ҳама намудҳои нави коронавирус аз хориҷ ворид мешаванд.

Ӯ афзуд «Ман ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат мекунам ва аз онҳо хоҳиш мекунам, ки ба кишварҳои сироятёфта сафар накунанд. Агар мо муштаракан маҳдудиятҳои дар кишвар ҷорӣ кардашударо риоя накунем, агар ба кишварҳои дигар бидуни зарурат равем, мумкин аст чораҳои карантин тақвият дода шаванд ва маҳдудиятҳо дар парвозҳо дар Ӯзбекистон ҷорӣ карда шаванд».

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular