Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетХадамоти алоқа паёмакҳо алайҳи М. Садриддинро «спам»номид

Хадамоти алоқа паёмакҳо алайҳи М. Садриддинро «спам»номид

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ эълон кардааст, ки масъалаи роҳи фиристодани паёмакҳо бар зидди Муҳаммадиқболи Садриддинро дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар таҳқиқ доранд

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон  зимни нишасти матбуотӣ ин гуна паёмакҳоро «спам» номид ва ёдрас шуд, ки дар гузашта низ чунин ҳолатҳо низ ба қайд гирифта шуда буд.

Атоев гуфт, «Ин дар кишвар бори аввал нест. Агар дар ёдатон бошад, бо ду-се паёмак мутаассифона тамоми мардуми Тоҷикистонро ба берун бароварданд, ки заминларзаи пуршиддат мешавад. Бори дувум оид ба дорупошӣ қабл аз пандемия буд. Дар ҷараёни кор ба Шумо иттилоъ медиҳем».

Гуфтанист, тақрибан моҳи декабри соли гузашта барои садҳо нафар муштариёни бархе аз ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон паёмаки бадномкунанда дар бораи фаъоли мухолифин Муҳаммадиқболи Садриддин ирсол шуда буд.

Ирсоли пайванди наворе аз як саҳифаи Ютуб ба садҳо муштарии ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон, ки дар он Муҳаммадиқболи Садриддин танқид мешуд, вокунишҳои гуногунро ба бор овард.

Бархе аз муштариён онро роҳи нави бадномкунӣ бо истифода аз паёмрасонҳои мобилӣ номиданд, ки бори аввал дар Тоҷикистон таҷриба мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular