Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет63400 тоҷикистонӣ дар соли 2020 шаҳрванди Русия шуданд

63400 тоҷикистонӣ дар соли 2020 шаҳрванди Русия шуданд

Соли гузашта Русия ба  656,3 ҳазор хориҷӣ шаҳрвандӣ додааст, ки ҳадди ақал аз соли 2000-ум бесобиқа мебошад, хабар додааст хадамоти таҳлилии шабакаи байнулмилалии аудиторӣ-консалтингии бо такя ба маълумоти омории ВКД.

Ба иттилои манбаъ, тайи солҳои охир сафи хоҳишмандони доштани шиносномаи Русия мудом дар ҳоли афзоиш аст.

Аксарияти гирандагони шиносномаҳои Русияро дар соли пандемия зодагони Украина (62,4% ё худ 409,5 ҳазор нафар), инчунин зодагони Тоҷикистон (9,7% ё худ 63,4 ҳазор нафар) ва Қазоқистон (6,6% ё 43,4 ҳазор нафар) ташкил додаанд.

Дар рӯйхати нави шаҳрвнадони Русия намояндагони кишварҳои бештар некӯаҳволро низ метавон пайдо кард: соли гузашта 203 нафар сокинони Олмон, 148 шаҳрванди ИМА, 32 бритониёӣ, 19 канадагӣ, 7 швейтсарӣ ва 1 сокини Ҷопон шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд.

Тайи солҳои ахир миёни гирандагони шаҳрвандии Русия ҳиссаи сокинони Ураина баъди ба зодагони Ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск (ДНР ва ЛНР) пешниҳод намудани расмиёти соддашудаи гирифтани шаҳрвандӣ хеле зиёд — 62,4% (409,5 ҳаз. наф.) афзуд.

Дар идома зодагони Тоҷикистон (9,7% ё 63,4 ҳаз. наф.), Қазоқистон (6,6% ё 43,4 ҳаз. наф.), Арманистон (4,7% ё 30,5 ҳаз. наф.), Ӯзбекистон (3,5% ё 23,1 ҳаз. наф.), Озарбойҷон (3,3% ё 21,9 ҳаз. наф.), Молдова (3,1% ё 20,6 ҳаз. наф.), Қирғизистон (1,8% ё 11,9 ҳаз. наф.), Беларус (1,6% ё 10,4 ҳаз. наф.) қарор доранд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular