Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШаҳрҳои аз ҷиҳати экологӣ тозагии ҳавояшро гумкардаи Русия (давомаш)

Шаҳрҳои аз ҷиҳати экологӣ тозагии ҳавояшро гумкардаи Русия (давомаш)

Череповец

Череповец шаҳрест, ки дорои тавлидоти саноатии рушдёфта мебошад, ки албатта, ба вазъи экологӣ бевосита таъсир мерасонад. Гузашта аз ин, минтақаи истеҳсолиро аз минтақаи аҳолинишин  ҷудо кардан ғайриимкон аст, ки аз ифлосшавии саноат нисбатан озод бошад — комилан ҳамаи минтақаҳо таъсири минтақаҳои саноатиро ҳис мекунанд.

Сокинони шаҳр аксар вақт бӯи нохуши партобҳои саноатиро эҳсос мекунанд, бештар аз дигарон, тирезаҳои худро аз доғҳои   сиёҳ тоза мекунанд ва дуди рангорангро, ки ҳамарӯза аз дудкашҳои корхонаҳо мебароянд, мушоҳида мекунанд. Дар фасли баҳор ва тирамоҳ вазъи экологии шаҳр то андозае бад мешавад, ки албатта ба вазъи ҳаво ҳам вобастагӣ дорад. 

Новокузнецк

Ин як шаҳри дигари саноатии Русия аст, ки дар марказаш корхонаи металлургӣ дорад. Тааҷҷубовар нест, ки вазъияти экологии ин ҷо номусоид аст: ифлосшавии ҳаво махсусан ҷиддӣ аст. Дар шаҳр 145 ҳазор мошинҳои сабтиномшуда мавҷуданд, ки партоби умумии онҳо ба атмосфера 76,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Нижний Тагил

Нижний Тагил кайҳост, дар рӯйхати шаҳрҳои дорои ҳавои аз ҳама олуда ифлос аст. Арзиши ҳадди имконпазири бензопирен дар атмосфераи шаҳр аз 13 маротиба зиёд аст.

Омск

Дар гузашта, фаровонии корхонаҳо боиси партобҳои зиёд ба атмосфера мегардид. Ҳоло 58 фоизи ифлосшавии ҳавои шаҳр ба ҳисоби нақлиёти автомобилӣ рост меояд. Илова бар ифлосшавии ҳавои шаҳр, ҳолати бади об дар дарёҳои Ом ва Иртыш аст, ки  ба вазъи экологияи Омск мушкилот меорад. Об ҳам аз сабаби ба дарё равон шудани партобаҳои коргоҳҳо ифлос мегардад. 

Челябинск

Дар саноатии Челябинск сатҳи хеле баланди ифлосшавии ҳаво ба қайд гирифта шудааст. Аммо ин вазъ боз аз он ҷиҳат мураккабтар мешавад, ки сеяки сол дар шаҳр бе ягон шамолу боришот ором аст, ки ҳамин оромии ҳаво ҳам ҳолати хубе нест.   Дар ҳавои гарм дар болои Челябинск дудро мушоҳида кардан мумкин аст, ки ин натиҷаи фаъолияти корхонаи электродҳо, Нерӯгоҳи барқии ноҳияи Челябинск,  ва якчанд корхонаҳои саноатӣ мебошад.  Тақрибан 20% партовҳои сабтшуда ба нерӯгоҳҳо рост меояд.

Проблемаи то рафт ифлосшавии оби шаҳри Чита ва беҳудуд бисёрии нақлиёт низ дар ифлосии атмосфераи ин шаҳр хеле нақш дорад. 

Медногорск

Ифлоскунандаи асосии муҳити зист корхонаи мис-сулфати Медногорск аст , ки миқдори зиёди гази сулфурро ба ҳаво партофта, ҳангоми бар болои хок фаромадан кислотаи сулфатро ба вуҷуд меорад. 

Новочеркасск

Ҳавои Новочеркасск ифлостарин дар минтақа аст: ҳар сол шаҳр пайваста ба рӯйхати ҷойҳое дохил карда мешавад, ки фазои аз ҳама ифлостарин доранд. Дар ин ҷо партобҳои шабона кам нестанд, аксар вақт шамол аз минтақаи саноатӣ ба манзил мевазад.

Асбест

Шаҳри Асбест 25% асбест-хризотили ҷаҳонро истеҳсол мекунад. Ин минерали нахдор бо муқовимати гармӣ ва хусусиятҳои канцерогенӣ маъруф аст, дар аксари кишварҳои Аврупо манъ карда шудааст. Тамоми шабонарӯз, дар як кони азими 12-километраи Асбест, барои истеҳсоли қубурҳои асбестементӣ, изолятсия ва масолеҳи сохтмонӣ «зағири сангӣ» истихроҷ карда мешавад, ки нисфи он ба 50 кишвари дунё содир карда мешавад. Сокинони маҳаллӣ ба зарари асбест бовар надоранд. Аммо агар зарар намедошт, кишварҳои Аврупо ҳаргиз манъ намекарданд. 

Соима Саидӣ

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular