Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳо«Ҳадя”-и “Барқи Тоҷик” ба мардуми кишвар: 22 декабр ба мардум 8 соат...

«Ҳадя”-и “Барқи Тоҷик” ба мардуми кишвар: 22 декабр ба мардум 8 соат бе танаффус барқ дода мешавад

Ширкати “Барқи Тоҷик” эълон кардааст рӯзи 22-юми декабр аз соати 6-и субҳ то 14-и зӯҳр ба тамоми ҷумҳурӣ барқ дода мешавад.

Сабаби ин “саховат”-и “Барқи Тоҷик” ироаи паёми раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст.

Қарор аст паёми Раисҷумҳур ба Маҷлиси Олӣ 22-юми декабр соати 10.00 оғоз гардад. Ин паём тавассути тамоми радиову телевизионҳои маҳаллӣ мустақиман пахш хоҳад гашт. Дар ҳамин ҳол ширкат сабаби аз 6-и субҳ додани барқ ба мардумро, дар ҳоле, ки паём аз соати 10 сар мешавад, шарҳ надодааст.

«Ин тадбир ба он хотир роҳандозӣ мегардад, ки шаҳрвандони кишвар имкон пайдо намоянд аз Паёми Президент мустақиман огоҳ шаванд»,-шарҳ додааст манбаъ аз “Барқи Тоҷик”.

Дар замима ин ширкати барқрасон “бо камоли эҳтиром аз муштариён хоҳиш” кардааст, ки “аз барқ сарфакорона истифода бурда, ҳаққи истифодаи неруи барқро сари вақт пардохт намоянд.”

Корбарон борҳо суол гузоштаанд, дар ҳоле, ки мақомот аз камии истеҳсоли барқ дар зимистон гузориш медиҳанд ва сабаби «лимит»-ро дар он медонанд, ҳангоми ироаи паёми Раисҷумҳур ё идҳо, ки барқ ба мардум пурра дода мешавад, аз куҷо пайдо мешавад. Аммо то ҳол ба ин суол расман посухе дода нашудааст.

Қаблан паёми раисҷумҳури Тоҷикистон дар оғози соли нав ироа мешуд, аммо қарор шуд сар аз имсол пеш аз оғози соли нав ироа шавад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика