Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСубҳонзода: қарори барқарор кардани парвозҳо танҳо аз Русия вобаста аст

Субҳонзода: қарори барқарор кардани парвозҳо танҳо аз Русия вобаста аст

Субҳонзода Икром, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигорон дар бораи он ки кай парвозҳои муқаррарӣ бо Русия барқарор мешаванд, посух гуфт.

Ӯ изҳор дошт, ки ҳанӯз аз моҳҳои июн Тоҷикистон қарор дода буд, ки метавонад парвозҳои муқаррариро бо Русия аз сар гирад.

Ӯ таъкид кард, «Барқарор кардани парвозҳо барои мо бисёр муҳим аст. Ҳудуди 70 дарсади парвозҳое, ки дар умум аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон анҷом дода мешавад, ба Русия рост меояд,. Тоҷикистон ва Ситоди мубориза бо коронавируси Тоҷикистон хело барвақт қарор дода буд, ки парвозҳоро бо Русия барқарор мекунад, ҳанӯз аз моҳи июн омода ҳастем», 

Вай афзуд, ки Тоҷикистон Вазорати нақлиёт ва Оҷонсии фидералии нақлиёти ҳавоии Русия ҳамкории зич дорад ва ин мавзӯъро борҳо баррасӣ кардааст.

Субҳонзода мегӯяд «Дирӯз низ дар Русия бевосита дар ин бора сӯҳбат карда будем, мо қарори ҳамкоронамонро интизорем».

Ба қавли директори агентӣ, Тоҷикистон ба талаботҳои ҷониби Русия дар бораи вазъи эпидемиологӣ пурра ҷавобгӯ аст.

«Акнун қарори барқарор кардани парвозҳо танҳо аз Русия вобаста аст».

Икром Субҳонзода афзуд, ки Русия бо Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус, Озарбойҷон ва Арманистон парвозҳоро барқарор кардааст ва умед аст, ки кишвари минбаъд Тоҷикистон мегардад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular