Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВокуниши тунди Маҷлиси Эрон ба тафоҳуми ин кишвар бо ожонси энергии атомӣ

Вокуниши тунди Маҷлиси Эрон ба тафоҳуми ин кишвар бо ожонси энергии атомӣ

Намояндагони Маҷлиси Эрон дар вокуниш ба баёнияи давлати ин кишвар ва ожонси байналмилалии энергии атомӣ онро мағоир бо қонун хонданд ва хостори муҳокимаи “қонуншиканон” шуданд. 

Насруллоҳ Пажмонфар, раиси комиссияи асли 90 Маҷлиси Эрон дар вокуниш ба тафоҳуми рӯзи гузаштаи давлат бо дабири кулли Ожонси байналмилилии энерҷии атомӣ гуфт: Коре, ки давлат карда хилофи мусаввабаи Маҷлис аст, бо ин баёния мо муҷаввизи 3 моҳи таҳрими муҷаддадро бар алайҳи кишвари худ додаем. 

Сайид Маҳмуд Набавиён низ дар мухолифат бо баёнияи давлат ва ожонс гуфт: Қонуни Маҷлис дар ростои рафъи таҳримҳо тасвиб шуд, аммо давлат муҷаввизи тадовуми таҳримҳо барои 3 моҳро содир кардааст. Дар банди дувуми тафоҳумнома ба мувофиқати дуҷониба ва муваққат ва ростиозмоии ожонс тибқи феҳристи пайваст ишора шуда, ки мушаххас нест ин феҳрист ба чӣ мавзӯъоте ишора кардааст. 

Вай баён кард: Дар банди севуми баёнияи давлат ва ожонс низ омада, ки назоратҳо ба мурур ва муназзам бояд анҷом шавад, лизо банди дувум ва севум ва феҳристе, ки дар баёния унвон шуда, бар хилофи қонун аст. Мо дурбинҳое дорем, ки бештар аз подмон сабт мекунад, бархе онлойн ҳастанд, яъне маъмури ожонс бидуни ҳузур дар пойгоҳ дар Эрон маворидро расад мекунад, дар он ҳамчунин ба иттилооти низомӣ, мутахассисин, донишгоҳҳо ва корхонаи тавлиди мотор дастрасӣ дода шуда дар ҳоле, ки ҳеҷ кишваре иҷозаи дастрасии ожонс ба корхонаи тавлиди моторро надода ва танҳо давлати мо соли 1382 ва ҳам акнун ин иҷозаро содир кардааст. 

Алӣ Акбар Ализода Бармӣ, намояндаи Домғон низ бо баёни ин ки “иҷоза намедиҳем либералҳо паёми раҳбариро зери по бигузоранд” тавзеҳ дод: Оё Маҷлис дар баробари ин иқдом фарёди “ҳайҳот минал зилла” сар медиҳад ва қонуншиканонро ба ҷойи худ хоҳад нишонд ва ҷиҳати муҳокима ба қувваи қазоия муаррифӣ хоҳад кард? 

Аз тарафе, Саид Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хорҷаи Эрон имрӯз дар нишасти хабарии худ гуфт: Тавофуқот дар чорчуби қонуни Маҷлис анҷом шуд. Ҳамонтур, ки дар баёнияи муштарак ва ожонс омадааст, ин тавофуқ бар вифоқи қонуни маҷлис аст. Иҷрои довталабонаи протоколи илҳоқӣ мутаваққиф мешавад ва бархе назоратҳои зарурӣ дар 3-моҳаи оянда дар чорчуби тавофуқоти подмонӣ ҳифз мешавад. Шояд муҳимтарин масъалаи фаннӣ дурбинҳо бошад, ки ҳеҷ филме дар ихтиёри ожонс қарор намегирад. 

Гуфтанист, Маҷлиси Эрон  аввали декабри 2020 бо тасвиби қонуни лағви таҳримҳо, давлатро мукаллаф кард, ки дар сурати идомаи таҳримҳои Амрико, ҳамкорӣ бо ожонсро маҳдуд карда ва гомҳои бештареро дар хусуси коҳиши тааҳҳудоташ зайли Барҷом бардорад. 

Бар асоси модаи 6, “давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон муваззаф аст бар асоси бандҳои 36 ва 37-и  Барҷом, зарфи муддати 2 моҳ аз тасвиби ин қонун, дастрасиҳои назоратии фаротар аз протоколи илҳоқӣ бар асоси Барҷомро мутаваққиф кунад.”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular