Friday, November 14, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетВазири дохилии Эрон ба Тоҷикистон сафар кардааст

Вазири дохилии Эрон ба Тоҷикистон сафар кардааст

Раҳмонии Фазлӣ, вазири умури дохилии Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбеи 22-юми феврал бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Рамазон Раҳимзода, ба Тоҷикистон сафар кардааст.

Тибқи иттилои расонаҳои расмии Эрон, сафари дурӯза оқои Фазлӣ ба Тоҷикистон ба ҳадафи рушди муносибатҳои ду кишвар анҷом мешавад.

ИРНА — хабаргузории расмии Эрон навишт, ки Вазири умури дохилии Ҷумҳурии исломӣ дар ин сафар зимни мулоқот бо масъулони Тоҷикистон, масъалаҳои мавриди назари ду тарафро пайгирӣ хоҳад кард.

Эрон ва Тоҷикистон то кунун 13 нишасти Комиссияи муштараки байни ду кишварро баргузор кардаанд.

Муносибатҳои Душанбе ва Теҳрон дар чанд соли ахир чандон ҳамвор набудааст. Дар поёни соли 2015 равобит миёни Тоҷикистону Эрон ба сардӣ гароид. Аммо дар се соли ахир равобити ду кишвар рӯ ба гармӣ ниҳодааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?