Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта 190 млн доллар пули буҷаро барои пардохти қарзи хориҷӣ зиёда аз масраф кард.
Аз ин маблағ, тибқи иттилои Вазорати молияи кишвар, танҳо $124 млн.и буҷа барои пардохти қарзи асосӣ масраф шуда, $66,2 млн барои фоизҳои қарз харҷ шудааст.
Ҳаҷми қарзи беруна давоми соли 2020 ба миқдори 300 млн доллар афзуда, ба аввали соли ҷорӣ 3,2 млрд долларро ташкил дод, ки ба 41%-и ММД-и соли гузаштаи ҷумҳурӣ баробар аст.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон соли гузашта ба 82,5 млрд сомонӣ (ҳудуди 7,9 млрд доллар бо қурби миёнаи расмӣ дар соли 2020) расид.
Қарзи хориҷии кишвар дар соли гузашта асосан аз ҳисоби ҷалби қарзи имтиёзнок аз Хазинаи байнулмилалии асъор (189,5 млн доллар) ва Фонди авруосиёии суботу рушд (50 млн доллар) зиёд шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон соли ҷорӣ ният дорад, ки барои пардохти қарзи беруна (бе назардошти фоизҳо) ҳудуди 1,5 млрд сомонӣ (133 млн доллар бо қурби имрӯза) маблағ равона кунад.
Дар доираи Барномаи қарзҳои давлатии хориҷӣ, ки моҳи ноябри соли гузашта қабул шуд, то охири соли ҷорӣ ҷалби 452,9 млн доллар дар назар аст. Ин маблағҳо ба амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ равона мешаванд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон соли гузашта доир ба боздоштани пардохти қарз ба Чин, ки дар ҳаҷми умумии қарзҳо ҳудуди 40%-ро ташкил медиҳад, мувофиқа ҳосил кард.
Ин созиш дар чаҳорчӯби ташаббуси кишварҳои узви “Бистгонаи бузург” қабул шуда, барои дастгирии кишварҳои даромадашон паст пардохти қарзҳои дуҷониба то нимаи соли 2021 мутаваққиф мегардад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

