Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСабти наздик ба 2000 гирифтори коруно дар Қирғизистон дар рӯз

Сабти наздик ба 2000 гирифтори коруно дар Қирғизистон дар рӯз

Қирғизистон шоҳиди афзоиши рекордии гирифторони вируси коруно шуд. Дар давоми 24 соати охир дар ин кишвар 1965 ҳолати нави COVID-19 ба қайд грифта шудааст.

Шумораи бештари беморон, ки 76 дарсади кулли гирифторонро ташкил медиҳад, дар пойтахт, шаҳри Бишкек сабт шудааст.

Дар ин шаҳр 1490 кас дар як рӯз ба ин вабои аср гирифтор шудааст.

Ҳамчунин, дар давоми ин шабонарӯз дар Қирғизистон 8 бемор ҷони худро аз даст дода, шумораи умумии фавтидагон аз аввали ҳамагирии коронавирус то кунун ба 2 ҳазор нафар баробар шуд.

Аммо Тоҷикистон расман аз гирифтории 15-20 нафар дар шабонарӯз хабар медиҳад. Дар ҳоле, ки шумори танҳо фавтидагоне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода мешаванд, аз шумори гирифторони расмӣ бештар аст. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular