Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВазири тандурустӣ ду рӯз дар ҳафта мардумро қабул мекунад

Вазири тандурустӣ ду рӯз дар ҳафта мардумро қабул мекунад

Вазорати танудустии Тоҷикистон аз рӯзҳои қабули мардум аз ҷониби вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода хабар медиҳад.

Бино ба гузориши ин ниҳод, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва сешанбе мардум метавонанд, мушкилашонро пеши вазир арз кунанд.

«Дар хабарнома омадааст, ки дар асоси дастури Президент Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Қонун “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз 23 июли соли 2016 ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва шанбе дар Вазорати тандурустӣ рӯзҳои қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти вазорат баргузор мегардад».

Манбаъ афзуда, ки яке аз чунин вохӯриҳо рӯзи 29 июн баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, ки Абдуллозода як қатор шаҳрвандони кишвар, ки бо масъалаҳои гуногун омада буданд, қабул намуда, бо онҳо озод ва ошкоро суҳбат кард.

Манбаъ мегӯяд, вазир муроҷиати шаҳрвандонро шунида, вобаста ба ҳалли масъалаҳои эшон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular