Хулуси Акар, вазири дифоъи Туркия дар идомаи турнеаш дар Осиёи Миёна, ба Тоҷикистон омада, масъалаи мубориза бо терроризмро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои Туркия, мубориза бо созмони ФЕТО-и Фатҳуллоҳ Гюлен, аз мавзуъҳои дигари гуфтугӯи Хулуси Акар бо мақомоти тоҷик будааст.
Тибқи иттилои хабаргузории давлатии Туркия — «Анадолу», Хулуси Акар дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо гуфтааст, кишвараш омода аст, ки дар бахши мудофиа ва амният бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад. Ба гуфтаи Акар, Туркия ҳамчунин мехоҳад таҷрибаи худ дар мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар марзро бо Тоҷикистон дар миён гузорад.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар межиҳад дар мулоқот «зимни баррасии масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ҷонибҳо ба роҳ мондани робитаҳои муштаракро дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосир ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самт, зарур шумурданд.
Дар робита ба ташаннуҷи вазъи амниятӣ ва фаъолшавии гурӯҳҳои ифротию террористӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, таъкид гардид, ки дар ин ҷода зарурати муттаҳидии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқовимат ба онҳо тақозо мегардад.
Дар рафти мулоқот ба таври муфассал мубодилаи афкори ҷонибҳо атрофи вазъи имрӯзаи ташвишовари Афғонистон сурат гирифт. Дар ин зимн қайд гардид, ки дарёфти роҳҳои сулҳомези қазияи Афғонистон ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳои минтақа мебошад».
Хабаргузории расмии «Анадолу» навиштааст, Хулуси Акар дар мулоқот бо мақомоти тоҷик, мубориза бо ташкилоти ФЕТО-ро дар миён гузошта, «инро муҳим хондааст».
Ҳукумати Туркия, созмони ФЕТО-ро ба Фатҳуллоҳ Гюлен, руҳонии турк рабт дода, онро дар кӯшиши табаддулоти соли 2016 муттаҳам мекунад. Худи Фатҳуллоҳ Гюлен, ки феълан дар Амрико ба сар мебарад, иттиҳоми ҳукумати Туркияро беасос мехонад.
Хулуси Акар, вазири мудофиаи Туркия пеш аз сафар ба Тоҷикистон дар Қирғизистон буд ва бо мақомоти қирғиз ҳам масъалаи мубориза бо созмони ФЕТО-ро дар миён гузошт.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

