Дар Афғонистон ҳамла бар хонаи Ато Муҳаммади Нур дар Мазори Шариф аз сӯи як бесарнишин анҷом шудааст. Аммо то ҳол маълум нест, ки ин бесарнишин аз кист.
Дар пайи ҳамлаи бесарнишин се нафар захмӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ҳамла бо истифода аз бесарнишин (дрон) — ҳое, ки барои филмбардорӣ истифода мешаванд ва онҳоро метавон ҳатто дар бозорҳо харидорӣ кард, анҷом шудааст. Тибқи маълумоти расонаишуда, ҳамла ҳангоми ҷаласае сурат гирифтааст, ки дар манзили Ато Муҳаммади Нур масъулони аҳзоби сиёсӣ ва намояндагони мардуми Балх дар Маҷлиси намояндагон ва Шӯрои вилоятӣ вазъияти вилояти Балхро баррасӣ мекарданд.
Дар ин ҳамла ба худи Ато Муҳаммади Нур ва ширкаткунандагони ҷаласа осеб нарасидааст, аммо як муҳофизи Ато Муҳаммади Нур ва ду муҳофизи Муҳаммад Алӣ Муҳаққиқ, писари Муҳаммади Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдат захм бардошта, мошини навъи “Ландкруизер”-и ӯ низ осеб дидааст”.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Спутник Тоҷикистон бо такя ба манобеи дигар менависад, ки ҳудуди 10 нафар ва худи Муҳаммад Алӣ Муҳаққиқ захмӣ шудаанд. Аммо ин хабар то ба ҳол таъйид нашудааст.
Бо ин вуҷуд, ҷаласа идома пайдо карда, як Шӯрои низомии басиҷи миллӣ дар ҳайати 9 нафар таъсис ёфт ва Ато Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломиро раиси ин Шӯро баргузидаанд.
Гуфта мешавад, дар ин ҷаласа масъулон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ, назири Ҷунбиши миллии исломӣ, Ҳизби ваҳдати исломии мардум, Ҳаракат исломии озод, Ҳизби ваҳдати исломии навин, Иттиҳоди шӯроҳои аҳзоби исломии Ҳизби исломӣ, Ҳаракати исломӣ, Иқтидори миллӣ, эътидоли миллӣ, Шӯрои машваратии аҳзоби исломӣ ва Ҷамъият исломӣ ширкат доштанд.
Балх дар шимоли Афғонистон вилоятест, ки дар қиёс бо дигар вилоёт камтар вулусволиҳояшро аз даст додааст. Дар ҳоли ҳозир аз 15 вулусволӣ 6 вулусволӣ ба дасти Толибон суқут кардаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

