Коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ, сиёсатмадор ва ходими ҷамъиятӣ, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Давлатназар Худойназаров санаи и соли дар шаҳри Хоруғи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаи омӯзгорон ба дунё омадааст. Модараш муаллимаи синфҳои ибтидоӣ буд. Падараш ҳам дарс мегуфт, инчунин директори мактаб буд, шӯъбаҳои ноҳиявӣ ва вилоятии идораи маорифро роҳбарӣ мекард, инчунин роҳбари Донишкадаи ҷумҳуриро оид ба такмили муаллимон бар дӯш дошт.
Фаъолияти Худойназаров дар ҷодаи синамогарӣ хеле барвақт оғоз ёфт. Дар соли 1958, дар синни 14, ӯ ёвари оператор Николай Олоновский буд. Баъдтар вай барои таҳсил ба Маскав рафту дар он ҷо факултаи коргардонии ВГИК-ро хатм намуд. Баъди хатм дар студияи «Тоҷикфилм» ҳамчун коргардон барои филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатии баҳри телевизион кор кард. Офаридаҳои эҷодии ӯ аз ҷиҳати услуб ва маҳорати забои санъати синамо хеле фарқ карда меистод. Гумон меравад, ки кори Худоназаров ба ҳайси наворбардор, сценарист ва режиссёр дар синамои тоҷик як самти хоси шоиронаро асос гузошт.
Кори дипломии Худойназаров соли 1966, ки филми ҳуҷҷатии русии “Колыбельная” буд, манъ гардид ва нусхаи филм сӯхта ҳам шуд. Соли 1969 ӯ дар наворбардории аввалин филми баеии худ “Ҷӯра саркор” иштирок кард.Соли 1979 ӯ ҳамчун коргардон бори аввал бо филми «Субҳи аввали ҷавонӣ» баромад кард. Баъдан соли 1983 бори аввал филмеро аз рӯйи сенарияи эҷодкардаи худаш офарид, ки “Раҳбаладамон ҷавонист” ном дошт.
Аз оғози бозсозӣ, Худоназаров тадриҷан аз эҷодкорӣ дур шуда, вақту қуввати бештар ва бештарро ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва сипас сиёсӣ сарф мекунад.Соли 1986, сарфи назар аз мухолифати Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, вай котиби якуми Иттифоқи синамогарони ҶШС Тоҷикистон интихоб карда шуд.Соли 1989 Худоназаров дар интихоботи вакилони халқи ИҶШС аз зодгоҳи худ Шуғнон ғолиб омад.Дар Анҷумани вакилони халқи ИҶШС ба Кумитаи маориф, илм ва фарҳанг шомил шуд.Аввал ӯ ба гурӯҳи вакилони Маскав ҳамроҳ шуд, баъд узви Гурӯҳи депутатҳои байниминтақавӣ шуд.
Тобистони соли 1990 Худоназаров раиси Федератсияи Иттифоқи синамогарони ИҶШС интихоб шуд. Моҳи майи соли 1991, вай дар табдили Иттифоқи синамогарони ИҶШС ба Конфедератсияи иттифоқҳои филмсозон ширкат варзид, ки пас аз фурӯпошии ИҶШС имкон дод, ки ин созмон ҳифз шавад.
Дар тирамоҳи соли 1991, Худоназаров бо дастгирии Ҳизби Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Ҷунбиши Миллии Демократии Растохез ва рӯҳониёни мусалмон барои аввалин интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон пешбарӣ шуд.
24 ноябри соли 1991, вай тақрибан 30% овозҳоро ба даст меорад ва аз номзади элитаи собиқи коммунистии «Ленинобод» Раҳмон Набиев мағлуб мешавад. Пас аз сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон соли 1992 бо корҳои бартарафсозии ҷанг ва муҳофизати сулҳ хеле заҳмат кашид. Аммо баръакси кор соли 1993 ҳамроҳи дигар ҷонибдорони мухолифин, чун ҷинояткори давлатӣ номаш дар рӯйихати ҷустуҷӯи байналмиллал қарор гирифт. Он вақт бо даъвати синамогарони Амрико ба ИМА сафар кард.
Аз октябри соли 1993 то августи 1994, Худоназаров ҳамчун олим ба маркази Woodrow Wilson Center даъват шуд. Инчунин бо Институти Ҷорҷ Кеннан ҳамкорӣ дошта, ба иқдоми нигаҳдории сулҳ ва корҳои гуманитариро дар Тоҷикистон идома додааст. Соли 1995 ба Русия баргашт. Ҳангоми дар Маскав зиндагӣ кардан, бо созмонҳое, ки ҳуқуқи гурезаҳои Тоҷикистон ва Афғонистонро ҳимоя мекунанд, ҳамкорӣ мекунад. Дар аввали солҳои 2000-ум, ӯ ба сиёсат баргашт, раҳбари ҳизби Иттифоқи мардум барои таҳсил ва илм дар Маскав ва инчунин яке аз муовинони раис шуд.
Оиладор бо ҳуқуқшинос Гавҳар Ҷӯраева ва соҳиби як писар аст.
Унвону мукофотҳои зеринро сазовор гаштааст.
Соли 1972 мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои филми “Гуфтор дар бораи Рустам”.
Соли 1977 Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соима Саидӣ
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

