Tuesday, April 7, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКабирӣ: ҳукумат бояд созишномаи сулҳро нашр кунад

Кабирӣ: ҳукумат бояд созишномаи сулҳро нашр кунад

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймон миллӣ ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки то дақоиқе чанд дар мавзӯъи «Оё сулҳи тарафҳо миллатро ба ваҳдат расонд?» дар пахши мустақим қарор дошт, назараш дар бораи сулҳу ваҳдати миллиро ироа кард, аз тағйири нигоҳи коршиносон ва мардум ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ истиқбол кард ва гуфт “назар ба солҳои қабли таҳлилҳои имсола беҳтар шудаанд”. 

Бо ишора ба таҳлилҳо чӣ аз ҷониби тарафдорони ҳукумат ва чӣ тарафдорони мухолифон ва коршиносони мустақил гуфт “дар маҷмӯъ он нуқтаи ҷолиб, ки мехостам болояш таъкид кунам, ин аст, ки дар муқоиса ба солҳои қабл, таҳлилҳо як миқдор бо инсофона ва созанда аст. Дар паҳлӯи он ки дӯстон таҳлил карданд боз баъзе роҳҳалҳо ва мулоҳизаҳои ҷиддӣ ҳам пешкаш карданд. Ин худаш алакай баёнгари он аст, ки мо аз он марҳилаи рӯёрӯӣ ва аз марҳилаи он ки натиҷаҳои сулҳ ва натиҷаҳои ризояти миллиро ҳар кас ба тарафи худаш бикашад, оҳиста оҳиста рафта истодаем ба самти воқеиятҳо ва дар фикри он ҳастем, ки оё воқеан сулҳи тоҷикон як сулҳи воқеи буд? Ва оё сулҳи воқеие буд, ки баъдан шикаста шуд? Оё он натиҷаҳои ки мо ва миллат мехост ва дар санадҳо сабт шуда буд, ба даст омад ё на”. 

Мулоҳизаи дуюме, ки раҳбари ПМТ гуфт аз мутолиаи ин ҳама гуфтаҳо дар бораи сулҳ, пайдо кардааст ин буда, ки “ҳанӯз ҳам мутаассифона, мо гирифтори ҳамон қолабҳо ва чорчӯбаи фикрии қаблӣ ҳастем. Ва дар инҷо коршиносон, касоне ки баҳогузорӣ карданд,  ду даста тақсим шуданд. як гурӯҳ омаданд сирф аз мавқеъи он ки ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифон дар ин сулҳ дар ҷанг хиёнат карданд, ҷиноят карданд, ба ҳеҷ натиҷае нарасиданд. Ба ҷуз тақсими мансабҳо ва вазифаҳо. Ин як нигоҳи умумӣ аст, ки ҳам ҳукуматро ҳам мухолифонро дар маҷмӯъ, мавриди интиқод қарор медиҳанд. Ва ҳатто баъзеҳо даъват мекунанд, ки аслан ин ду гурӯҳ, яъне ҳукумат ва мухолифон, дигар ҳақи дар бораи сулҳ ва ваҳдати миллӣ гап задан надоранд. Аз нигоҳи ман ин назар ҳам мавриди эҳтиром аст, аммо як миқдор радикалӣ ва дур аз воқеият аст. 

Як гурӯҳи дигар талош карданд, ки тамоми ин раванди сулҳ ва натиҷаҳои онро, тарзе таҳлил кунанд ва баҳогузорӣ кунанд, ки он чизе ки имрӯз дар Тоҷикистон мегузарад, ба як шакле сафед кунанд, далеле барои ин битарошанд ва бигӯянд, ҳоло натиҷа ҳамин аст ва инро бояд эътироф кард. Аз ин беҳтар наметавониста ба даст биоваранд. Ман фикр мекунам, ки на он дӯстоне ки ба он ҳад радикали баҳо мегузоранд, инсофро пурра риоя карданд ва на он касоне, ки ҳоло мардумро мехоҳанд маҷбур кунанд, ки он воқеиятҳои имрӯз ҳаст, ба ҳамин иктифо кунем, аслан дигар дар ин бора суҳбати нашавад ва бо ҳамин дари созишномаи сулҳ ва натиҷаҳои он баста шаванд”. 

Кабирӣ таъкид кард дар бораи созишномаи сулҳ ва дастовардҳои он, фазову шароити татбиқи он хеле сӯҳбатҳо мешавад ва тафсирҳо мавҷуданд “аммо як чизи ҷолиб ин аст, ки ҳеҷ кас то имрӯз, ба хусус тарафи ҳукумат, ки тамоми ин санадҳо дар ихтиёрашон аст, омода нестанд ки он матнҳоро як бор нашр кунанд ва дар ихтиёри мардум бигузоранд. Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ ин танҳо ду се саҳифае, ки бори ахир дар Маскав имзо шуда буд, он нест. Тамоми он санадҳо, маҷмӯъи протоколҳо ҷузъи ҷудонашавандаи он созишномаи умумии сулҳ ҳастанд ва бояд дар ихтиёри мардум, қарор бигиранд. Чун мардуми тоҷик ба ин ҳад бесавод нестанд, ки матнро хонанду чизе нафаҳманд ва ҳатман ниёз ба тафсиру шарҳи мову дигарон дошта бошанд. Рафтор мақомот ва баъзе доираҳо инро мемонад, ки масалан биёянд инро бигӯянд ба мардум, ки шумо китобро нахонед, таҳо тафсири китобро бихонед. Шумо Қуръонро нахонед, шумо ҳадисро нахонед аммо тафсире, ки ман дар ин бора навистам, бихонед. Зарурат нест,  ки аслии матнро бихонед. Шояд бар ин назаранд, ки ҳоло мардум онро мехонанд, чизе дарк намекунанд чизе намефаҳманд, дар ҳоле ин матнҳо ҳамаш, дар марҳалаҳои ахири санадҳо, ба хусус санадҳои дар Комиссиюни оштии миллӣ ё дар замони татбиқи созишномаи сулҳ, қабул шуданд, ки онҳо ҳам ҷузъи ҷудонашавандаи ин созишномаи сулҳ ҳаст. Инҳо бо матни бисёр сода тоҷикӣ навишта шудаанд ва ҳар касе ҳам, ки бихонад аз барои як чизе дарк мекунад. Пинҳон доштани ин матни созишнома, протоколҳо, аз нигоҳи ман саволҳоро бештар ба вуҷуд меорад. Шояд баъзе нафарҳо тарс доранд, ки агар мардум бе восита ба матнҳо руҷӯъ кунанд,  дар зеҳни онҳо савол пайдо мешавад, ки чаро ин талаби созишнома чаро ин нуқтаи созишнома иҷро нашуд, он протокол пурра риоя нашуд. Далел чи буд, сабаб чи буд, шояд аз ин саволҳо бештар метарсанд, ки аз он ки ягон иллати дигар дар инҷо бошад”. 

Раиси ҲНИТ изҳор дошт, ки он ҳама ҳуҷҷатҳо дар архиви мухолифин вуҷуд дошт, аммо чун раҳбарияти Наҳзати Исломӣ  дар як ҳолати шокӣ маҷбур шуд, кишварро тарк кунад, архивҳо дар бинои ҳизб монд ва ҳоло дар ихтиёри ҳукумат аст. “Вале худи ҳукумат ҳам ин ҳама санадҳоро дар ихтиёр дорад, бад нест ки инҳоро нашр кунанд, ба хусус коршиносони мӯҳтарам, мардум худаш огоҳ шавад. Албатта ин маънои он нест, ки он таҳлилу тафсирҳои, ки дар бораи созишномаи сулҳ, навишта мешавад,  аз воқеият аз матни созишномаҳо дур бошад. Аммо мардуми бо саводи тоҷик, ҳақ дорад худаш бе восита ба матнҳо муроҷиат кунад, ва саволҳояшро бигузорад, ки барои чи қисмат иҷро ва он қисмат иҷро нашуд”. 

Дар идомаи сӯҳбат Муҳиддин Кабирӣ шарҳ дод ваҳдати миллӣ чист ва чӣ гуна бояд бошад, сулҳ аз ваҳдати миллӣ чӣ фарқ дорад ва ба суолҳои бинандагон посух гуфт, ки бо тафсил дар сойти Паём нашр хоҳад шуд.

Пахши мустақими гуфтугӯи раҳбари мухолифин бо мардум аз канали ютубии Паймони миллӣ, телевизиони ПаёмТВ ва радиои Паём пахш шуданд. Сабти онро метавонед инҷо бубинед:

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular