Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёмаш ба Маҷлиси олии кишвар ваъда кард, ки дар се соли оянда Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ хоҳад расид.
Ӯ гуфт қарор аст соли 2018 агрегати нахустини нерӯгоҳи Роғун ба кор дарояд ва ҳамин тавр то соли 2020 кишвар аз “лимити барқ” дар зимистон наҷот ёбад. Раисҷумҳур ҳамчунин гуфт барои бунёди “Роғун” то ин замон 12 миллиард сомонӣ масраф шудааст ва қарор соли оянда беш аз ду милларди дигар масраф гардад.
Ваъдаи Эмомалӣ Раҳмон оиди расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бори чаҳорум аст, ки садо медиҳад. Бори аввал ин ваъдаро ӯ соли 2005 карда, ба мардум итминон дода буд, ки дар ду соли оянда Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ хоҳад расид. Сипас соли 2007 ӯ ба мардум кафолат дод, ки дар соли 2009 “лимити барқ” барояшон афсона хоҳад шуд. Аммо дар охири соли 2009 аз мардум даъват кард ду солакаки дигар сабр кунанд, то ба истиқлолияти энергетикӣ бирасанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба пасандозҳои дар бонкҳо дармондаи мардум ҳам дахолат кард ва ваъда дод, ки онҳо бозпас гардонида хоҳанд шуд, аммо нагуфт, ки дар кадом муддат. Дар бораи фоизҳои он дар ин муддат, зарари муштариёни бонк аз таваррум ва зарари маънавии онҳо чизе гуфта нашуд. Ӯ дар ин замина Бонки Миллӣ ва вазорати молияро зери тозиёнаи танқид гирифт, ки ба саҳлангорӣ роҳ додаанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард соли 2017 соли ҷавонон эълон карда шавад. Ӯ бори дигар ба оянадаи Тоҷикистон будани ҷавонон таъкид кард ва гуфт, ки онҳо бояд ҳисси баланди миллӣ дошта аз ватани худ ифтихор намоянд. “Ҷавонони мо бо тафаккуру сатҳи саводнокӣ ба куллӣ фарқ доранд. Ман ҷавононро бо насли солҳои 90 муқоиса карда, ифтихор мекунам” — гуфт ӯ. Дар ҳоле Эмомалӣ Раҳмон ба эълони “Соли ҷавонон” дар Тоҷикистон даъват мекунад, ки аксари ҷавонони кишвар дар берун аз он машғули коранд. тибқи ҳисобҳои гуногун аз 1 то 1,5 миллион ҷавони тоҷик дар Русия машғул ба корҳои вазнини ҷисмонист. Дар “Соли ҷавонон” чӣ иқдоме барои беҳбади зиндагии онон гирифта мешавад, раисҷумҳур нагуфт.
Эмомалӣ Раҳмон даъват кард бахши сайёҳи дар кишвар барои панҷ соли оянда аз андоз ва воридоти таҷҳизоти техникӣ барои сайёҳӣ аз боҷи гумрукӣ озод карда шавад. Тибқи иттилои ӯ шумори сайёҳони ба Тоҷикистон оянда дар се соли охир ду баробар афзудааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон зикри ҷанги дохилиеро, ки 20 қабл ба анҷом расидааст, фаромӯш накард ва бори дигар онро кори дасти хориҷиҳо хонд. Ҳадаф аз ҷанги шаҳрвандиро бошад, раисҷумҳур бунёди давлати исломӣ унвон кард:“Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро хуб дарёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардид. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд.”
Ӯ ҳамчунин аз пешрафти Тоҷикистон дар замони истиқлолият ҳарф зад ва гуфт: “Амалисозии барномаҳои қабулгардида имкон дод, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзуда, то чор баробар зиёд шуд.
Танҳо дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд.” Ин дар ҳолест, ки тибқи ҳисоби созмонҳои байналмиллалӣ ММД дар Тоҷикистон барои ҳар нафар аслан зиёд нашуда дар ҳамон андозаест, ки соли 1992 буд.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон мисли ҳамеша мардумро ба шукрона кардан ба доштани ватани ободу соҳибистиқлол даъват кард.
Паёми раисҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси олӣ дар қасри “Сомон” ироа шуд ва дар он аъзои ҳукумат, кормандони масъули дастгоҳи иҷорияи Президенти Тоҷикистон, раҳбарону намонядагони вазорату идораҳои кишвар, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқми Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат доштанд.