Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСафари ҳайати узбекситонӣ ба вилояти Суғд

Сафари ҳайати узбекситонӣ ба вилояти Суғд

Дар Хуҷанд мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Анвар Асамов, муовини вазири кишоварзии Ӯзбекистон баргузор шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, ҷонибҳо доир ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва зиёд намудани табодули молу маҳсулот мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят зимни мулоқот таъкид карда, ки ҳамкориҳо миёни ду кишвар ба марҳилаи нави расидааст ва табодули молу маҳсулот миёни ду давлат дар ҳоли афзоиш аст.

Раҷҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, ки имрӯз наздик 40 нафар масъулини мақомоти давлатӣ ва соҳибкорону тоҷирони Ӯзбекистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

“Ҷонибҳо дар аснои мулоқот ҳавасмандии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти рушди соҳаи саноати сабук, коркарди пахта, коркарди пӯсту чарм, бунёди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳои инноватсионӣ, истеҳсол ва коркарди пилла, банду басти меваи хушк ва тар, воридсозии тухмиҳои серҳосили пахтаву гандум изҳор доштанд”, — омадааст дар иттилоъияи манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, меҳмонон давоми се рӯз аз корхонаҳои саноатии вилоят ва гармхонаву боғҳои вилоят боздид карда, бо захираву имкониятҳои вилояти Суғд шинос мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular