Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Тоҷикистон ҳаво то 48 дараҷа гарм мешавад

Дар Тоҷикистон ҳаво то 48 дараҷа гарм мешавад

Маркази обу ҳавосанҷӣ мегӯяд, ин ҳафта дар Тоҷикистон гармии ҳаво то 48 дараҷа боло хоҳад рафт.

Ба иттилои манбаъ, аз 6 то 10-уми июл дар водиҳо ҳарорат 39-44 ва дар ҷануби кишвар аз 45 то 48 дараҷа хоҳад буд.

Вобаста ба ин, баландшавии сатҳи об дар дарёҳои Панҷу Вахш ва Зарафшон дар назар аст.

Дар пойтахт вазидани шамоли сахт пешгӯйӣ шудааст.

Моҳи гузашта шамоли сахт дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон боис ба шикаста шудани дарахтҳо ва дар Душанбе сабаби канда шудани боми баъзе аз биноҳои истиқоматӣ шуда буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular