Saturday, April 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетХонаводаҳои фавтидагони қирғиз дар низоъи марзӣ бо Тоҷикистон $11 000-ӣ ҷубронпулӣ гирифтанд

Хонаводаҳои фавтидагони қирғиз дар низоъи марзӣ бо Тоҷикистон $11 000-ӣ ҷубронпулӣ гирифтанд

Мақомоти Қирғизистон ба 27 хонаводаи фавтидагон дар низои марзӣ бо Тоҷикистон ба маблағи 1 миллион соми қирғизӣ муодили тақрибан 11 ҳазор доллар  ҷуброн пардохтанд.

Ойбек Ҷунушалиев, муовини аввали раиси девони вазирони Қирғизистон рӯзи 6-уми июл ба расонаҳои қирғизӣ гуфта, ки 67 хонаводаи дигар, ки манзилҳояшон дар задухурди рӯзҳои 28-29 апрел зиён дида буданд, аз 50 ҳазор то 1 миллион сомӣ ҷуброн дарёфт карданд.

Барои пӯшонидани ин харҷ аз буҷаи Қирғизистон 51 миллион сом ҷудо шудааст. Девони вазирони Қирғизистон миқдори зарари аз низои марзӣ расидаро 1,3 миллиард сом арзёбӣ карда буд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 28-29-уми апрели имсол дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон низоъ сар зада, дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб кас куштаву захмӣ ва даҳҳо манзили зист сӯхтаву вайрон шуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular