Tuesday, April 7, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБаъд аз эмкунӣ садҳо нафар дар Суис ба коруно сироят ёфтанд

Баъд аз эмкунӣ садҳо нафар дар Суис ба коруно сироят ёфтанд

РИА Новости бо истинод аз Раёсати федералии тандурустӣ хабар додааст, ки садҳо нафаре, ки дар Суис (Швейтсария) эм карда шудаанд, боз ҳам ба вируси коруно гирифтор шудаанд.

Даниэл Берсиер, сухангӯи Бюрои федералии тафтишот гуфт, ки , аз рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ 205 нафар бо дозаи аввал эм кардашуда ба сирояти SARS-CoV-2 гирифтор шудаанд.

«Ду ҳафта пас аз эмгузаронии дуюм, то 2 июл 218 ҳолати дигари сироятёбӣ дар одамони пурра эмшуда ба қайд гирифта шуд. Дар айни замон, дар Швейтсария танҳо ваксинаҳои Moderna ва Pfizer / BioNTech истифода мешаванд. Дар моҳи апрел гузориш шуда буд, ки дар Швейтсария беш аз 60 нафар пас аз ваксина алайҳи коронавирус фавтидаанд. Аммо, сабаби фавташон ба ваксин рабт надорад. Дар асл аксари фавтҳо аз бемориҳои дилу рагҳо ё бемориҳои шуш ва роҳҳои нафас мебошанд» гуфтааст ӯ.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular