Thursday, February 12, 2026
Место для Реклама!
HomeМуҳоҷиронСавганди вафодорӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия ҳатмӣ шуд

Савганди вафодорӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия ҳатмӣ шуд

Ҳукумати Федератсияи Русия қарор қабул кард, ки минбаъд ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки барои дарёфти шаҳрвандии Русия муроҷиат мекунанд, бояд савганди вафодорӣ ёд кунанд. Ин талаботи нав тибқи хабарҳои Хабаргузории давлатии “ТАСС” амалӣ шудааст.

Бар асоси қарор, шаҳрвандони хориҷӣ аз синни 14-солагӣ вазифадоранд, ки барои гирифтани шаҳрвандии Русия савганди вафодорӣ ёд кунанд. Қарори нав муайян мекунад, ки шаҳрвандӣ танҳо баъд аз адои савганд ба шахс дода мешавад.

Ҳамзамон, қарор тасмим дорад, ки тағйирот ба “Қонун дар бораи додани шаҳрвандии Федератсияи Русия” ворид карда шавад. Ин тағйирот расмиёти гирифтани шаҳрвандиро низ танзим хоҳад кард.

Мақомоти Русия таъкид мекунанд, ки ин иқдом барои тақвияти масъулияти шаҳрвандон ва муттаҳидсозии онҳо дар доираи арзишҳои миллӣ равона шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular