Мақомоти Қирғизистон даъво карданд, ки дар натиҷаи тирпарронии як рӯз пеш дар марз бо Тоҷикистон сарбози 27-солаи ин кишвар, Ҳусниддин Ҳоҷиев, кушта шудааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан Тоҷикистон дар бораи захмӣ шудани ду сарбози қирғиз хабар дода буд.
Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 8-уми июл рӯй дод. Ҳарду тараф сабабҳои сар задани онро ба тарзҳои гуногун шарҳ доданд.
Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки сарбозони Қирғизистон марзро ғайриқонунӣ гузашта, аввал тир кушоданд ва сипас дар тиркушоии ҷавобӣ захмӣ шуданд. Тарафи Қирғизистон иддао дорад, ки сарбозонаш ҳангоми хидмат ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.
Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 9-уми июл эълон кард, ки дар чӣ шароит кушта шудани сарбоз Ҳусниддин Ҳоҷиевро таҳқиқ мекунад.
Дар ҳамин ҳол бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ки «тибқи иттилои пешакӣ, аз ҷониби Тоҷикистон низ кушташудагон ва захмиён ҳастанд», аммо ҷониби Тоҷикистон дар ин бора то кунун иттилоъ надодааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низоъ сар зад ва дар он муноқиша дар марзи вилояти Суғд ва Бодканд аз ду тараф беш аз 50 кас кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷруҳ шуданд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

