Tuesday, April 7, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТолибон иддао кард ба 85 дарсади хоки Афғонистон мусаллат шудааст

Толибон иддао кард ба 85 дарсади хоки Афғонистон мусаллат шудааст

Гурӯҳи Толибон имрӯз, ҷумъа, 9 июл эълом кард, ки дар пайи пешравиҳои низомии ахир акнун ба беш аз ҳаштод дарсад аз хок Афғонистон мусаллат шудааст. 

Иддаои Толибон дар хусуси тасарруфи 85 дарсади хоки Афғонистон, ки ҳанӯз аз сӯи манобеъи мустақил таъйид нашуда, ҳамзамон бо набардҳои низомии густурдаи ин гурӯҳ бо нируҳои давлати матраҳ мешавад. 

Шаҳобуддин Диловар, яке аз намояндагон гурӯҳи Толибон рӯзи ҷумъа дар ҷараёни як конфронси хабарӣ дар Маскав зимни эъломи ин мавзӯъ тасреҳ кард, ки ҳудуди 250 вулусволӣ аз 398 вулусволии мавҷуд дар Афғонистон ҳам акнун таҳти контроли шибҳинизомиёни Толибон аст. 

Ин иддао дар ҳоле мунташир мешавад, ки шибҳинизомиёни исломгаро пештар аз тасарруфи беш аз ду севуми манотиқи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон ва низ ишғоли муҳимтарин истгоҳи марзии ин кишвар бо Эрон хабар дода буданд. 

Толибон дар ин нишаст ҳамчунин гуфт тамоми таҳримҳо алайҳи ин ҳаракат бояд лағв шавад.

Субҳи имрӯз гурӯҳи Толибон гузаргоҳи аслии Афғонистон бо Эронро тасарруф кардаанд. Нураҳмад Муҳаммадӣ, як мансабдори идораи гумруки Афғонистон дар Ҳирот гуфт ҷангҷӯёни Толибон пас аз даргирӣ бо нерӯҳои давлатӣ рӯзи панҷшанбе «назорати бандари Ислом Қалъаро ба даст гирифтанд».

Пеш аз ин, мақомоти маҳаллӣ гуфта буданд, нерӯҳои давлатӣ ба хотири пешгирӣ аз талафоти ғайринизомиён, аз ду ноҳия ё вулусволии Ҳирот ақибнишинӣ кардаанд. Толибон гуфтаанд, ки назорати ин ду ноҳия дар дасти онҳост. Гуфта мешавад, аз 19 вулусволӣ дар Ҳирот фақат 4 ноҳия дар назорати давлат қарор дорад, боқимонда дар дасти Толибон аст.

Хабаргузории давлатии Эрон — ИРНА аз як хабарнигори афғон дар Ҳирот гузориш додааст, ки «пас аз фирори нерӯҳои афғон ва кормандони гумрук, мардум вориди гумрук шудаанд». Хабаргузории эронии ИСНА бо такя ба масъулини гумруки Эрон хабар додааст, ки бинобар таҳаввулоти ахири Афғонистон, тиҷорати Эрон бо ин кишвар дар чанд гузаргоҳ қатъ шудааст.

Рӯҳуллоҳ Латифӣ, сухангӯйи гумруки Эрон, дар суҳбат бо расонаҳои он кишвар аз тоҷирон ва соҳибкорон хостааст, ки то «маълумоти баъдӣ», аз фиристодани борҳои тиҷории худ ба марз худдорӣ кунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular