Tuesday, April 7, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТолибон: ҳадафи мо таъсиси давлати озоди исломист

Толибон: ҳадафи мо таъсиси давлати озоди исломист

Толибон эълом карданд, ки дар пайи ба даст овардани ҳукумати Афғонистон ва ҳоким будан дар онро надоранд, балки «давлати исломии озод» -еро ташкил кардан мехоҳанд.

 Дар ин бора Муҳаммад Наим, сухангӯи бюрои сиёсии Толибон хабар додааст.

Муҳаммад Наим гуфт, «Агар ҳадафи мо барқарор кардани қудрат ва ҳукмронӣ дар соҳаҳои муайян мебуд, мо инро дар соли 2001 ба даст меовардем.»

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи Толибон аз эҷоди низоми Давлати Исломӣ «озод кардани кишвар ва миллат», сохтани зиндагии мардум дар чаҳорчӯби арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ ва «ором кардани мардум» аст.

Қаблан Толибон ваъда дода буданд, ки марзҳои Осиёи Марказиро вайрон намекунанд.

Дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон барои минтақаҳои муҳими кишвар мубориза рафта истодааст. 

Инчунин Толибон аз кишварҳои ҳамсоя хоҳиш мекунанд, ки ба умури Афғонистон дахолат накунанд.

Толибон гуфтанд, ки онҳо ба музокирот ва баррасии масъалаҳои мубрам омодаанд.

Гуфта мешавад, онҳо дар назди худ ҳадафи ҳукмронӣ дар тамоми қаламрави Афғонистонро нагузоштаанд. Балки, мехоҳанд тавассути муколама «низоми давлати мустақил ва озоди исломӣ» -ро эҷод кунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular