Тафсилоти ғарқ шудани чаҳор мактабхони истаравшанӣ дар дарёи Сир, дар Хуҷанд расонаӣ шуд.
Ба иттилои додситонӣ гурӯҳе аз хонандагони мактаби рақами 60-и Истаравшан бо ду омӯзгор ва мудири мактаб барои саёҳат ба Хуҷанд омада, чаҳор нафари онҳо зимни шиноварӣ дар дарёи Сир ғарқ мешаванд.
Хабаргузории АзияПлюс бо истинод аз қавли додситони шаҳри Хуҷанд, Авазҷон Назарзода навишт, ки ному насаби ду роҳбари синф ва директор маълум аст, вале то анҷоми тафтишот ифшо намекунанд. Ҳоло додситони шаҳри Хуҷанд, таҳқиқи ин қазияро шахсан худаш ба даст гирифтааст, ҳарчанд то кунун парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.
Назарзода гуфтааст, рӯзи 7-уми июл 23 нафар хонандаи синфҳои 6 ва 9, ки дар миёнашон духтарон низ будаанд, бо роҳбарии мудир ва ду роҳбари синф дар як автомашинаи “Газел” барои саёҳат аз Истаравшан ба Хуҷанд меоянд. Аммо бегоҳии ҳамон рӯз, чаҳор нафар ҳамсинфи 16-сола ҳангоми шиноварӣ дар мавзее, ки барои шиноварӣ мамнуъ эълон шуда буд, воқъе дар ҳудуди “Боғи Наврӯзгоҳ” ғарқ шуда ба ҳалокат мерасанд.
Ҷасадҳоро таъҷилан аз дарё берун оварда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳуҷҷат карданд. .
Додситонӣ гуфта, ки аз гурӯҳи 23-нафараи хонандагони мактаб, ки барои саёҳат ба Хуҷанд омаданд, 11 нафарашон синфи 6 ва 12 нафар хонандагони синфи 9 будаанд.
Ҳоло яке аз фарзияҳои пешакӣ, ин аст, ки яке аз хонандаҳо ғарқ мешавад ва боқии ҳамсинфон ба наҷоти ӯ мешитобанд, ки дар натиҷа се нафари дигар ҳам ғарқ мешаванд.
Ҳоло гуфта мешавад, замоне, ки ҷасади чаҳор хонанда аз дарё берун кашида мешаванд, мудир ва яке аз омӯзгорон сахт тарсида, дар беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бистарӣ шудаанд.
“Директор ва муаллим ба Истаравшан нарафтаанд ва ҳоло дар беморхона бистарӣ ҳастанд. Танҳо як муаллима ҷасади хонандагонро гирифта ба зодгоҳашон бурданд.
Ситод аз хонандагони фавтида Лазизбек Хидиров, Бахтиёр Каримқулов, Аслбек Мамадисоев, Садриддин Каримов ном бурдааст.
Бар пайи ин ҳодиса ва ҳодисаҳои дигари рӯзҳои ахир, ҳоло мақомоти вилояти Суғд рейдҳо ташкил кардаву дар ҷойҳои барои оббозӣ хатарзо тоблуҳо бо навиштаҷоти “Оббозӣ манъ аст!” бештар насб карда истодаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

