Намояндагони гурӯҳи Толибон рӯзи 10 июл ба Ашқобод расида, дар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон гуфтушунид карданд, хабар медиҳад Азатлик радиоси. Вазорат ва расонаҳои туркманӣ дар бораи ин сафар ҳеҷ гузорише надодаанд.
Муҳаммад Наим, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар, гуфтугӯ бо мақомоти Туркманистонро тасдиқ кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ва сиёсӣ, амният ва марзи байни ду кишварро баррасӣ карданд.
Толибонро дар Ашқобод муовини вазири корҳои хориҷӣ Вепа Ҳаджиев пешвоз гирифт.
Азатлик менависад: «Ҳукумати Туркманистон далели омадани Толибонро пинҳон мекунад. Ғайр аз он, ҷониби Туркманистон аз Толибон хост, ки музокиротро дар Ашқобод махфӣ нигоҳ доранд. Ҷониби Туркманистон намехоҳад мақомоти Кобулро ба хашм орад. Музокирот пеш аз ҳама ба хотири хоҳиши ҳамла накардан ва бастани ҷараёни гурезаҳо равона шуда буд ”
Як рӯз пеш аз боздид ҷангиёни Толибон шаҳри Турғунди марзи Туркманистонро ишғол карданд. Тибқи иттилои «Вақоеъномаи Туркманистон», фавран пас аз забт кардани шаҳр, намояндагони Вазорати амнияти миллии Туркманистон бо Толибон гуфтушунид карданд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

